ТЕМУРМАЛИК. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо шумули намояндагони мақомотҳои қудратӣ, ходимони дин ва дигар сохторҳои ҳокимияти маҳаллӣ ҷиҳати ташвиқу тарғиби суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар гурӯҳҳои таблиғотӣ ташкил карда шудааст.
Дар доираи ҳамин чорабинӣ дар ҷамоати деҳоти ба номи Сайф Раҳимов вохӯрии гурӯҳи корӣ бо қишрҳои гуногуни аҳолӣ доир гашт.
Вохӯриро роҳбари гурӯҳ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид ҳусни ифтитоҳ бахшида, таассуротҳояшро аз ин вохурӣ баён намуд.
Дар ҷамъомад ҳамчунин имомхатиби масҷиди ҷомеаи ноҳияи Темурмалик Доробов Абдулвадуд ҳамчун иштирокчии бевоситаи ин мулоқот ва сардори шуъбаи амнияти ноҳия Бедилов Ҳасан дар назди ҳозирин баромад карда, маълумоти муффасал доданд.
Дар вохурӣ, ки зиёда аз 180 нафар сокинон иштирок дошта, аз вохӯрӣ таассуроти нек бардоштанд.
Айни замон вохӯриҳои судманди гурӯҳҳои корӣ оид ба таблиғу ташвиқи суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар дар дигар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия идома доранд.