БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЁДАТ ЯКЕ АЗ РИСОЛАТИ АСОСИИ ҲХДТ

А.ҶОМӢ. "Раҳму шафқат ба ниёзмандон, сила кардани сари ятимону шод кардани дили ранҷурон ва дастгириву нигоҳубини маъюбону камбизоатон яке аз хислатҳои азалии мардуми тоҷик маҳсуб шуда, аз фарҳангу тамаддуни пурғановати миллати мо сарчашма мегирад" Боиси хушнудист, ки имрӯзҳо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайваставу беназири давлату Ҳукумат, ба хусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ятимону бепарасторон назаррас арзёбӣ гардида, бо мақсади таъмини шароити зиндагии арзанда, рушди баркамол ва соҳибилму соҳибмаърифат гардидани онҳо тамоми шароитҳои муосир фароҳам оварда шудааст, иброз доштанд дар яке аз суханрониҳояшон Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Дирӯз дар пайравӣ аз сиёсати инсонпарваронаи  Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дастгирии иҷтимоии як қатор ятимону маъюбон, бепарасторон ва оилаҳои камбизоати  ноҳияи Абдураҳмони  Ҷомӣ  аз  ҷониби  номзад  ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз ҳавзаи интихоботии  №64-и вилоятӣ  ба ивази вакили  хориҷшуда  Сулаймонзода  Акрам  Раҳим ба як қатор  шахсони ниёзманди ҷомеа кумаки яквақтаинаи  озуқаворӣ расонида шуд, ки ин нишона аз ғамхории Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон нисбат ба ятимону маъюбон  ва  ниёзмандону  оилаҳои  камбизоат  мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg