ҶАЙҲУН. Дар ҳамбастагӣ бо кормандони шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ суҳбату мулоқотҳо ҷиҳати омӯхтани касбу ҳунар миёни сокинони деҳаи Тутзори Ҷамоати деҳоти Ваҳдати миллии ноҳияи Ҷайҳун баргузор гардид.
Зимни мулоқот кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб қайд намуданд, ки барои дар ҳаёт бекор намондан ва машғул будан ба коре моро месазад, ҳатман як ҳунарро аз худ кунем. Вазъият ҳам тақозо мекунад, ки барои таъмини оила ва пеш бурдани зиндагӣ, ҳатман бояд ягон ҳунар дошта бошему ба василаи он рӯзгорамонро сомон бахшем. Вале ба мушоҳида мерасад, ки имрӯзҳо аксарияти ҷавонони мо бинобар надоштани маҳз касбу ҳунар роҳи муҳоҷират ва ё мардикориро пеш мегиранд ва корҳои вазнин, аз қабили лойбардорӣ, хишту аробакаширо пеш мегиранд. Аммо маълум аст, ки оқибати ин гуна пешаву машғулиятҳо бебақо буда, ба саломатӣ хатар дорад. Барои ҳамин, доштани дилхоҳ ҳунар бисёр муҳиму муфид аст.
Хушбахтона, ҳар нафар дар ҳоли ҳозир метавонад, ки омӯхтани як касб ё ҳунар рӯзгорашро ба осонӣ пеш барад. Бе сабаб ҳунарро “чашмаи зояндаву давлати поянда” нагуфтаанд. Маҳз ҳунар аст, ки ба инсон роҳнамои зиндагӣ гашта, кӯлбори пур аз завқу хоҳиш ва ғайрату кӯшишро ба ӯ ато месозад. Шахси ҳунармандро ҳам дар ҳама ҷо гиромӣ медоранд. Шуғл доштан аз ҳунармандист ва нафаре, ки ягон ҳунар дорад, дар зиндагӣ ҳамеша роҳат мебинад. Ҳунарманд вақти худро манфиатнок истифода мебарад, ба беҳудакорӣ машғул намешавад, ба шарофати ҳунар ва меҳнати ҳалоли худ нони худро меёбад. Ҳунар омӯхтан ҳам аз кас танҳо фаҳмиши баланд ва завқ доштанро талаб мекунад. Омӯзиши он агар як моҳ ва ё як солро дар бар гирад, манфиати он то охири умр ба ҳунарманд басанда аст.