Ҷ.БАЛХӢ. Бахшида ба истиқболи шоистаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар дораи Аксияи ҳизбӣ умумивилоятӣ таҳти унвони “Як рӯзи ёдоварӣ” бо ҷалби сокинони деҳаи Ҳақиқати Ҷамоати деҳоти Маданияти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ корҳои ободониву созандагӣ доир карда шуд. Дар чорабинии ҳизбӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроия иштирок намуда, пеш аз оғози корҳои ободонӣ вобаста ба Паёми имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, аз ҷумла сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат, сазовор таҷлил намудани санаҳои муҳими таърихӣ -Наврӯзи байналмилалӣ ва 30-солагии Истиқлоли давлатӣ суҳбат карда, сокинонро барои боз ҳам зеботару шукуфонтар шудани сарзамини аҷдодиамон -Тоҷикистони азиз раҳнамоӣ карданд. Инчунин, дар идомаи сухан намояндагони ҳизбӣ дар бораи моҳияти Амалиёти мазкур ҳарф зада, ҷамъомадагонро барои анҷоми кори хайру савоб, тозаву озода кардани дохил ва гирду атрофи оромгоҳи деҳа бо мақсади шод кардани руҳи гузаштагон даъват намуданд.
Пас аз анҷоми суҳбат сокинон бо руҳияи баланди ватандӯстона ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ машғул шуда, гирду атроф ва дохили оромгоҳро аз хасу хошок ва алафҳои бегонаи хушкшудаи худрӯй тоза карда, дар ҳаққи гузаштагон дуои хайр карданд.