БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАШАББУСҲОИ ЗАНОНУ БОНУВОН ДАСТГИРӢ МЕЁБАД

Н.ХУСРАВ. Бо  мақсади  ба  сокинони  ноҳияи Носири Хусрав   ҷиҳати тарғибу ташвиқи нуктаҳои  асосии  Паёми Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ба  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  кормандони  Кумитаи  иҷроия бо  занону бонувони  деҳаи  Сангобаи  Ҷамоати  деҳоти  Наврӯз  суҳбату  вохӯриҳо  баргузор  намуданд.

Намояндагони ҳизбӣ  зимни андешаронӣ зикр карданд, ки  меҳнати  пурсамари  занонону  бонувони  тоҷик  дар  соҳаҳои  мухталиф  аз  ҷониби   Роҳбари  давлат баҳои  баланд дода шуда, махсусан  фаъолияти  занону  бонувон дар  соҳаи  кишоварзӣ  ва  рушди  иқтисодиёти  кишвар назаррас мебошад. Инчунин, масъулин   қайд  намуданд, ки  Сарвари  давлат дар  Паёмашон  таъкид  намуданд, ки  Ҳукумати  мамлакат ташаббусҳои  занону  бонувони  кишварро  минбаъд  низ дастгирӣ карда, ба  хотири  ҷалби  бештари  онҳо  ба  вазифаҳои  роҳбарикунанда  тадбирҳои  иловагиро  амалӣ мегардонад.

Дар охир аз ҷониби ҷамъомадагон   мулоқот бо руҳияи баланди ватандӯстӣ пазируфта шуда, онҳо барои боз ҳам баланд бардоштани мақому манзалати занону бонувон дар ҷомеа ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ баён карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg