Н.ХУСРАВ. Бо мақсади истиқболи сазовори Рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳури Тоҷикистон Куммитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав дар ҳамкорӣ бо шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо ҷалби хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия, дар доираи қоидаҳои беҳдоштию санитарӣ бо афсарону сарбозони қисми ҳарбии отряди сарҳадии № 0305 вохӯрӣ доир карданд.
Зимнан хонандагон бо шароити хизмат ва истироҳат, буду боши сарбозон шинос шуда, аз нозукиҳои ҳизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ огоҳӣ пайдо карданд. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ализода Сурайё вохӯриро ҷамъбаст намуда, қайд кард, ки имрӯз маҳорати ҷангӣ ва қобилияти касбии Қувваҳои мусаллаҳи кишварамон ба нерӯи тавоно табдил ёфтааст. Ҷавонони мо, ки ояндаи миллати сарбаландамон мебошанд, бояд донанд, ки ватандориву ватандӯстӣ, расидан ба қадри сарзамини аҷдодӣ ва ҳифзи осудагиву оромии он барои ҳар як фарзанди бонангу номуси миллат ҳам қарз ва ҳам фарз аст.
Сипас, дар вазъити идона ба як гурӯҳ сарбозоне. ки дар адои хизмат ҷасорату мардонагӣ нишон медиҳанд, туҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаҳои ҳизбӣ тақдим карда шуд.