БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХИЗМАТ БА ВАТАН-МОДАР ҚАРЗИ ФАРЗАНДӢ

Н.ХУСРАВ. Бахшида  ба истиқболи  сазовори  28-умин солгарди   Қувваҳои  мусаллаҳи  Ҷумҳури  Тоҷикистон бо  мақсади тарбияи  ҷавонону  наврасон  дар  руҳияи  ватандӯстӣ, ки  яке  аз  ҳадафҳои  олии  Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон мебошад, дар  арафи  ҷашни  рӯзи  Артиши  миллӣ  кормандони  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав, дар ҳамбастагӣ  бо  бахши   намояндагии  ТҶҶ «Созандагони  Ватан» дар муассисаи  таҳсилоти  миёнаи  умумии  № 1  бо иштироки  хонандагони  синфҳои  болоии  муассисаҳои таҳсилоти  миёнаи умумии  рақамҳои  2 ва  3  ҷорабинии  ҳарбӣ- варзишӣ  аз  рӯи  намудҳои давидан, паридан, ҷаҳидан  ва  сароидани сурудҳои  ҳарбӣ гузаронида шуд.

Масъулин  ба ҷавонону  наврасон  фаҳмониданд, ки  тақдири миллат, ободиву осудагӣ ва  ҳифзи  марзу  буми  кишвар аз ҳар як сокини  кишвар, новобаста  аз  миллату  нажод  вобастагии  калон  дошта,  ҳар  яки  моро  водор  месозад, дар   таъмини  суботу амнияти  он  доимо  тайёр  бошем ва  дар  кору  пайкори  ҳамарӯзаи  худ пайрави  воқеии  Пешвои  миллат  бошем.

Сипас, дар  рафти чорабинӣ наврасону чавонон иштироки фаъолона дошта, ба  ғолибони  дастаҳо туҳфаҳои  хотиравӣ  ва ифтихорномаҳо  тақдим  карда  шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg