БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ АМАЛИКУНАНДАИ МАҚСАДУ МАРОМИ МО

ФАРХОР. Мулоқоти рӯ ба рӯи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Назарзода Алӣ Исмон бо сокинони деҳаи Қалаи Пуҷқоқи ҷамоати деҳоти Дарқад оид ба шарҳу эзоҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар мулоқот номбурда нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллатро ба Маҷлиси Олии кишвар муфассал шарҳ дода, бо иқтибосҳо чунин ибрози андеша намуд, ки дар Паёми навбатӣ Президенти кишвар тамоми соҳаҳоро мавриди муҳокима қарор дода, ба масъулин супориш доданд, ки баҳри амалишавии онҳо тамоми чораҳоро андешанд, то ин ки зиндагии тамоми қишрҳои ҷомеа рӯ ба беҳбудӣ оварад. Сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон вазифаи ҷонии ҳар як сокини ҷумҳурӣ ном бурда шуд.

Амалӣ гаштани дастуру ҳидоятҳои навбатии Пешвои миллат вазифаи ҳар як сокини бонангу ори мамлакат ба ҳисоб меравад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg