БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ - МЕҲВАРИ ПЕШБАРАНДАИ ҶОМЕА

ТЕМУРМАЛИК. Дирӯз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Кангурт” - и Ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар якҷоягӣ гурӯҳи корӣ бо иштироки вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз ҳавзаи интихоботии №56 Зуҳрои Маҳмадсаид, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Сайдализода Фаррух ва намояндагони Ҷамоати деҳоти Кангурт оид ба баррасии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январ ва самаранок истифода намудани ҳар як ваҷаб замин, эмин нигоҳ доштани худ ва дигарон аз сироятёбии бемории COVID-19, иҷрои дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз машварати корӣ бо аъзои Ҳукумати кишвар ҷиҳати сарфакорона истифода бурдани неруи барқ, Муроҷиатномаи Ширкати “Барқи тоҷик” -ро риоя намудан бармеояд, вохӯрӣ баргузор намуданд.

Зимни суханронӣ, намояндагони ҳизбӣ қайд карданд, ки Паём - санади тақдирсоз барои давлату миллати тоҷик буда, пайравӣ ва иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат вазифаи ҳар як фарди тоҷик мебошад. Ҳамзамон, самаранок истифода намудани ҳар як ваҷаб замини дар ихтиёрдошта ва сарфакорона истифода бурдани неруи барқ ба хотири расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар - истиқлолияти энергетикӣ вазифаи ҳар як сокини кишвар ва тамоми ташкилоту муассисаҳо мебошад. Аз ин хотир мо бояд сарфакориро аз оилаи худ оғоз карда, дар таъмини пурраи истиқлолияти энергетикӣ саҳм гузорем.

Инчунин, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз ҳавзаи интихоботии №56 Зуҳрои Маҳмадсаид ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Темурмалик Сайдализода Фаррух  низ оид ба моҳияти  Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози сухан намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg