БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАРДУМИ ТОҶИК АЗ АЗАЛ МИЛЛАТИ БОФАРҲАНГ АСТ

НОРАК. Дар деҳаҳои Чал-Чал, Чортут ва Ғофилободи Ҷамоиди деҳоти Дуконии шаҳри Норак  оид ба  пешбарӣ намудани номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣ  гузаронида шуд.

Сараввал раиси Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Қумриниссо Гулмуродзода  ба сухан баромада, қайд намуд, ки  Пешвои миллат зимни ироаи Паёми навбатиашон чунин изҳор доштанд: ки “баъди ба даст овардани соҳибистиқлолӣ сиёсати давлат дар соҳаи саноат комилан тағйир ёфта, таваҷҷуҳи асосӣ ба тақвияти истеҳсолот ва содироти маҳсулоти тайёр бо роҳи ворид намудани технологияҳои нав, истифодаи ҳарчи бештари манбаъҳои ашёи хоми маҳаллӣ, коркарди пурраи он ва истифодаи васеи захираҳои меҳнатӣ равона карда шуд.

Дар навбати худ номзад ба вакили Маҷлиси Вакилони халқи вилояти Хатлон аз ҳавзаи интихоботии №10, раиси шаҳри Норак  Асозода Дилшод Алимурод дар баромади худ қайд намуд, ки  Пешвои миллат зимни ироаи Паём изҳор доштанд, ки тоҷикон яке аз миллатҳои қадимаи дунё ва дорои таърихи беш аз 6000  сола буда, ҳанӯз аз давраҳои бостонӣ соҳиби саводу қалам, девону дафтар, илмдӯсту адабпарвар, давлатсозу давлатдор, меъмору шаҳрсоз, шаҳрдору шаҳрнишин, яъне фарҳангиву тамаддунсоз ва ободкору созанда ба шумор мераванд. Бо ин мақсад мо низ барои боз ҳам пешрафтаву шукуфои шудани Тоҷикистони азиз аз ҳама имкониятҳо истифода барем  то ки Ватани азизамон аз ин дида ободу зебо гардад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg