БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НОМЗАД БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН МУЛОҚОТИ СУДМАНД АНҶОМ ДОД

НОРАК. Дар деҳаи Навде оид ба  пешбарӣ  намудани номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва  шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Пешвои миллат  вохӯрӣ  баргузор гардид.

Сараввал раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Қумриниссо Гулмуродзода  ба сухан баромада, қайд намуд, ки пайомадҳои пандемия ба рушди иқтисоди миллӣ, буҷети давлатӣ, гардиши савдои хориҷӣ, қурби асъори миллӣ, инчунин ба фаъолияти корхонаҳои саноативу муассисаҳои хизматрасонии мо таъсири манфии худро расонид.

Бо вуҷуди таҳдидҳои ҷиддӣ ба соҳаҳои иқтисод ва иҷтимоӣ бар асари бемории пандемияи COVID-19, Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат устуворонаю собитқадамона пеш меравад.

Сипас,    номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз ҳавзаи интихоботии №10, раиси шаҳри Норак  Асозода Дилшод Алимурод зимни баромади худ қайд намуд, ки  Пешвои миллат зимни ироаи Паём изҳор доштанд, ки тоҷикон яке аз миллатҳои қадимаи дунё ва дорои таърихи беш аз 6000  сола буда, ҳанӯз аз давраҳои бостонӣ соҳиби саводу қалам, девону дафтар, илмдӯсту адабпарвар, давлатсозу давлатдор, меъмору шаҳрсоз, шаҳрдору шаҳрнишин, яъне фарҳангиву тамаддунсоз ва ободкору созанда ба шумор мераванд.

Инчунин, дар идомаи мулоқот вобаста ба сарфакорона истифода намудани  неруи барқ, пардохти саривақтии маблағи он, самаранок истифода намудани ҳар ваҷаб замин бо мақсади таъмини амнияти кишоварзӣ андешаронӣ карда шуда, иштирокдорон ба амалҳои созандаву таъмини зиндагии шоиста роҳнамоӣ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg