БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРИИ НОМЗАД БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН

НОРАК. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак дар деҳаҳои Чашма-1, Чашма-2 ва Наизираки Ҷамоати деҳоти Дуконии шаҳри Норак  оид ба  пешбарӣ намудани номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ва тарғибу ташвиқи муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ  гузаронида шуд.

Зимни вохӯрӣ  номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз ҳавзаи интихоботии №10, раиси шаҳри Норак  Асозода Дилшод Алимурод сараввал оид ба Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олии кишвар баромад намуда, қайд кард, ки дар Паёми навбатиашон Пешвои миллат изҳор доштанд, ки соли 2020 дар саросари кишвар 18300 иншооти истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба истиқболи ҷашни сисолагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифта шуда, ки бештари онҳо иншооти соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва варзиш мебошанд, бунёд ва ба истифода супорида шуда, бо ҳамин роҳ даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ барои шаҳрвандон муҳайё карда шуданд.

Инчунин, дар идомаи сухан номзад ба соҳибкорону шахсони саховатманд барои фаъолияти софдилона ба хотири ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон изҳори миннатдорӣ

Намуда, зикр кард, ки соли 2020-ум, ҳамчунин, бо рӯйдодҳои басо муҳимму хотирмони худ ба таърихи давлатдории миллии мо ворид гардид.

Сипас, раиси Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Қумриниссо Гулмуродзода  зимни суханронӣ қайд намуд, ки  Пешвои миллат дар ироаи Паёми навбатиашон чунин изҳор доштанд: “баъди ба даст овардани соҳибистиқлолӣ сиёсати давлат дар соҳаи саноат комилан тағйир ёфта, таваҷҷуҳи асосӣ ба тақвияти истеҳсолот ва содироти маҳсулоти тайёр бо роҳи ворид намудани технологияҳои нав, истифодаи ҳарчи бештари манбаъҳои ашёи хоми маҳаллӣ, коркарди пурраи он ва истифодаи васеи захираҳои меҳнатӣ равона карда шуд.

Инчунин, дар идомаи мулоқот вобаста ба сарфакорона истифода намудани  неруи барқ, пардохти саривақтии маблағи он, самаранок истифода намудани ҳар ваҷаб замин бо мақсади таъмини амнияти кишоварзӣ андешаронӣ карда шуда, иштирокдорон ба амалҳои созандаву таъмини зиндагии шоиста роҳнамоӣ гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg