БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР ДОИРАИ ПАЁМ ФАЪОЛИЯТ МЕКУНЕМ

КӮШОНИЁН. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ яке аз сарчашмаҳои ташаккул ва инкишофи ҳаёти маънавӣ, зеҳнӣ ва дастуру раҳнамои ҳар фарди ҷомеаи Тоҷикистон мебошад, ки барои шарҳу тавзеҳи он  дар деҳаи Уртабузи Ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли ноҳияи Кӯшониён  бо иштироки тарғиботчиёни назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён  вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар он аз ҷониби тарғиботчиён аз ҳисоби   фаъолзанон қайд гардид, ки Паём ҳамчун ҳуҷҷати стратегӣ муқарраркунандаи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ва дар ин росто муайянкунандаи вазифаи ҳар сокини кишвар дар роҳи татбиқи амалии он мебошад.

Мақсад аз ин мулоқот шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии мамлакат ва  баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва сатҳи маълумотнокии аҳолӣ ҷиҳати мубориза бо зуҳуроти номатлуб мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg