ВОКУНИШ. Терроризм ин хатари бузурге мебошад, ки метавонад ҳар як ҷомеаро, ҳатто ҷомеаи устувортарин ва пешрафтаро вайрон кунанд. Яке аз самтҳои асосӣ ин мубориза бо зуҳуроти террористӣ буда, дар муҳити ҷамъиятӣ пешгирии онҳо мебошад ва гузаронидани корҳои фаҳмонидадиҳӣ дар байни ҷавонон муҳим аст.
Роҳбарони гурӯҳҳои гуногуни террористӣ ҷавононро ба иттиҳодияҳои худ ҷалб намуда, аксар вақт ба онҳо ваъдаи ҳалли осон ба ҳама мушкилот, аз ҷумла мушкилоти моддиро медиҳанд. Ақлҳои ҷавони нозук аксар вақт ҳатто фикр намекунанд, ки бо иштирок дар фаъолияти чунин ташкилотҳои террористӣ онҳо на танҳо мушкилоти мавҷудаи худро ҳал намекунанд, балки барои худ мушкилоти нав ба вуҷуд меоранд, дар асл ояндаи худро хароб месозанд. Донистани ҳуқуқ ва озодиҳои худ ба насли ҷавон кӯмак мекунад, ки ҳисси эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои атрофиён, аз ҷумла ҳаёт, саломатӣ ва шаъну шарафи онҳоро эҳтиром намояд.
Ш. Маҳмадализода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Кушониён