БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО ҶАВОНОН НОМБАРДОРИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТЕМ

КӮЛОБ. Бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Мунавараи Бозоралӣ сӯҳбату вохӯриҳо вобаста ба иштироки фаъол доштан дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон- Ватани азизи ман”, “Илм- фурӯғи маърифат”, ки аз нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бар меояд, бо ҷавондухтарон - хонандагони зинаи болоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 баргузор гардид.

Нахуст, мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Мунавараи Бозоралӣ ба сухан баромада, қайд намуд, ки  таваҷҷуҳи Сарвари давлат нисбат ба соҳаи маориф ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Боиси ифтихор ва сарбаландии ҳамаи мост, ки озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, бо ибтикори Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  тайи ду сол аст баргузор мегардад, кулли мардум, аз пир то ҷавонро ба мутолиаи китоб ҷалб намудааст.

Мақсад аз баргузор намудани ин озмун баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвариву сухандонӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои милливу фарҳангӣ ва таҳкими худогоҳиву худшиносии аҳли ҷомеа мебошад.

Дар охир иштирокчиён ба сухан баромада, ваъда доданд, ки бо баҳои хубу аъло хонда, дар чунин озмунҳои сатҳи дохил ва хориҷ фаъолона иштирок намуда, номбардори давлату миллати хеш мегарданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg