БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БА ВАТАН СОДИҚЕМ!

КӮЛОБ. Дар доираи нақшаи чорабиниҳо бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри  Кӯлоб бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми низомии 13483д-и шаҳри Кӯлоб чорабинии ҳизбӣ таҳти унвони “Ба Ватан содиқам!” бо ҳузури раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  Шарифзода Гулрухсор, полковники милитсия, ёвари сардори ШВКД-и шаҳри  Кӯлоб  Сарахонов Нурулло, узви Кумитаи иҷроия, саромӯзгори ДДК  Шоинов Ҳасан, раиси иттиҳоди интернатсионалистони собиқадори шаҳру минтақаи Кӯлоб, собиқ корманди милитсия  Исмоилов Сайфулло, инчунин волотёрони ҳизбӣ ва як қатор ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Кӯлоб ташкил ва баргузор гардид.

Нахуст, иштирокдорон аз шарту шароити қисми ҳарбӣ ва намоиши яроқу аслиҳа дидан намуда, махсусан, вобаста ба онҳо ба ҷавонон маълумотҳо дода шуд. Сипас, миёни сарбозон мусобиқаи варзишӣ оид ба шашка баргузор шуд, ки афсарон дар рафти он фаъолона ширкат варзиданд.

Баъдан дар толори қисми ҳарбии мазкур бо сарбозону афсарон ва ҳайати шахсӣ вохӯрӣ баргузор гардид. Иштирокдорон бо навбат баромад карда, сарбозону афсарон ва ҳайати шахсии қисми ҳарбиро ба Рӯзи Артиши миллӣ табрик гуфтанд.

Инчунин, дар вохӯрӣ қайд карда шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳамаи имкониятҳои мавҷударо ба хотири фароҳам овардани шароити мусоид ва муосир дар Қувваҳои мусаллаҳ равона карда, айни замон мушкилоти марбут ба шароит ва таъминоти моддии сохторҳои низомӣ асосан бартараф карда шуда, дар доираи ҳадафҳои созандагиву бунёдкорӣ сохтмон ва азнавсозии инфрасохтори қисмҳои низомӣ вусъат ёфта истодааст.

Вобаста ба ин аз ҷониби ҳозирин изҳори боварӣ гардид, ки сарбозону афсарон имрӯз, оянда ва ҳар лаҳза ин марзу буми аҷдодиамонро мисли модари хеш дӯст доштаву ҳимоя месозанд.

Дар интиҳои чорабинӣ ба командири қисми низомии 13483д-и шаҳри Кӯлоб, подполковник  Имомализода Талабшо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб тақдим гардида, ҳамзамон ба ғолибони мусобиқаи шашка туҳфаҳои хотиравӣ дар фазои тантанавӣ тақдим карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg