БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Таъмини зиндагии шоистаи мардум мароми мо ҳизбиён аст

ПАНҶ. Тибқи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқотҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ дар деҳаи Улуғбеки ноҳия вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Шомаҳмадзода Музаффар оид ба дастуру супоришҳо аз Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, тарғиби Қонунҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”,   пешгирии вайроншавии оилаҳои ҷавон, рушди ҳунарҳои мардумӣ, тарғиби фарҳанги либоспӯшӣ байни ҷавондухтарон суханронӣ кард.

Дар охир бо дастгирии иштирокдорон дар деҳаи номбурда ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо номи Алишер Навоӣ  таъсис дода шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg