НОРАК. Тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак оид ба дастуру ҳидоятҳое, ки аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар бармеояд, вохӯрӣ доир карда шуд.
Зимни вохӯрӣ кормандони масъули Кумитаи иҷрояи шаҳрии ҳизб ва аъзои ситодҳои доимоамалкунандаи таблиғотии ҳизбӣ дар бораи фазилатҳои моҳи шарифи Рамазон, пешгирии исрофу исрофкорӣ, омилҳои сироятшавии ҷавонон ба ВНМО, пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, ҳифз намудани арзишҳо ва фарҳанги миллӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстию меҳанпарастӣ, ҳифзи амнияти кишвар суханронӣ намуданд.
Инчунин, масъалаи риояи Қонуҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну марсим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ин вохӯрӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дасти сахо дароз намудан ба ятимону шахсони ниёзманд, бунёди мактабҳои таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои томактабӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, таваллудхонаҳо, майдончаҳои варзишӣ дар маҳаллаҳои аҳолинишин ва деҳаҳои калон ин дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат буданд, ки бори дигар ба саҳми мардум расонида шуд.