БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МОДАРИ ТОҶИК ПАНҶГОНИК ТАВАЛЛУД КАРД

ҚУБОДИЁН. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи баланд бардоштани мақому манзалати занону бонувон дар ҷомеаи муосир бо ташаббус ва дастгирии раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Шарифзода Маҳмадаюб, ки зан-модари тоҷик  тифлакони дӯструяки панҷгоникро таваллуд кардааст, аёдат карда шуда, кормандони Кумитаи иҷроия  аз ҳолу аҳвол ва вазъи саломатии модару кӯдакони навзод дидан карданд. Дар вақти аёдати кӯдакони навзод  барои нигоҳубини онҳо  кумаки молиявӣ ва аробчаҳо тақдим карда шуд.Ин иқдоми неки ҳизбиён шоистаи таҳсин буда, модари панҷгоникҳо миннатдории хешро ба ҳизбиён  изҳор дошт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg