БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАШАККУЛИ ФАРҲАНГИ ТЕХНИКӢ ВА ПЕШГИРӢ АЗ ХАТАРҲОИ МАРБУТ БА ИСТИФОДАИ НОДУРУСТИ ОН

АНДЕША. Дар шароити муосир масъалаи шакли истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва дар маҷмуъ технологияи навин ба яке аз масъалаҳои  доғи рӯз табдил ёфтааст.  Зеро василаҳои техникии муосир дар баробари фоидаи рӯзафзун  ва осон гардонидани робитаи байниҳамдигарии инсонҳо, ҳамзамон ба манбаи сохтакориву аввомфиребӣ ва тафриқаангезиву воситаи паҳншавии ақидаҳои иртиҷоӣ табдил ёфтааст. Бояд гуфт,бо пайдоиш ва рушди интернет инсоният дар самти шинохти сайёраи замин ва кайҳон ба дастовардҳои чашмрас ноил гардид ва имкониятҳои васеъи онро ҳамқадами ҳаёт ва фаъолияти худ интихоб намуд. Аз ҷумла, Созмони Милали Муттаҳид дастрасӣ ба шабакаи интернетиро қисми таркибии ҳуқуқи инсон муайян карда, дар ин самт санадҳои меъёрӣ- ҳуқуқии миллӣ ва байналмилалӣ низ қабул гардиданд. Гарчанде  манфиати  интернет барои инсоният бебаҳс аст, аммо пайдоиш ва рушди унсурҳои номатлуби ба он алоқаманд моро ба он водор мекунад,ки ташвиқгари истифодаи дуруст ва мақсадноки он бошем. Зеро яке аз хатарҳои дигари шабакаҳои иҷтимоӣ ин ташвиқ ва таблиғи фарҳанг ва расму оини бегона мебошад. Мо ҷавонон бояд   донем, ки барои  дуруст истифода бурдани  шабакаҳои иҷтимоӣ, ба хусус робитаҳои инсонӣ, иқтисодӣ васеъ гардидани сатҳи ҷаҳонбинӣ  ва аз худ кардани донишҳои  замонавӣ гардем.

Иботов Диловар, мудири бахши омори КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg