ЛЕВАКАНТ. Мувофиқи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар ташкилоти ибтидоии «КАТС» бо кормандони соҳаи тандурустӣ мулоқоти судманд баргузор карданд.
Дар вохӯрӣ муовини раиси ҲХДТ дар шаҳри Левакант Назарова Фароғат, мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуот Валиев Суҳроб, мудири шӯъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Бобоҷонова Гулҷаҳон ва намояндаи ШКВД-и шаҳри Левакант Баҳовиддинов Юсуф иштирок доштанд.
Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант зимни суханронии худ оид ба мулоқоти Сарвари давлат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар андешаронӣ карданд.
Назарова Фароғат ҳамзамон қайд кард, ки Сарвари давлат таъкид дошт, ки вазъи ниҳоят ҳассосу ноороми ҷаҳон мову шуморо водор мекунад, ки нисбат ба ҳар вақти дигар зираку ҳушёр бошем, дар ғафлат намонем, манфиату зарари худро дар гуфтору амали хеш дуруст дарк кунем, ба қадри бузургтарин неъмату дастовардҳои зиндагиамон-истиқлолияту озодӣ, соҳибватаниву соҳибдавлатӣ, сулҳу оромӣ ва Ваҳдати миллӣ расем.
Зеро маҳз истиқлолияти давлатӣ ба мову шумо имкони зиндагии озод, ором ва осударо дар ин олами ноором додааст.