БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОМӮЗИШИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАҲАЛ

ХОВАЛИНГ. Бо иштироки раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Зардакӣ” Ҳотам Эмомов ҷамъомад бо сокинони деҳаи Зардакии Ҷамоати деҳоти Ҷомбахт  баргузор гардид.  

Дар ҷамъомад Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор дода шуд. 

Дар баромади хеш мавсуф  дар бораи Паём ба сокинон маълумоти муфассал  дода, аз ҳамагон даъват ба амал овард, ки дар иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз он бармеояд, саҳми худро гузоранд.

Дар навбати худ сокинон  аз андози ягона озод намудани кишоварзону деҳқононро ғамхории навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти мамлакат дар ҳаққи деҳқонон дониста, гуфтанд, ки ин иқдом имконият фароҳам меоварад, ки  истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ  боиси боз ҳам афзун маводи ғизоӣ  мегардад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg