БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАҚИҚАТЕ, КИ ПАРДАРО АЗ РӮЙИ МУҲАММАДИҚБОЛИ САДРИДДИН БАРДОШТ

ВОКУНИШ. Баъд аз сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷони ҳазорҳо нафарро бурдаву ва даҳҳо ҳазор нафари дигарро бехонаву дар ва дур аз Ватан кард, саҳифаи таърихи ин миллати куҳанбунёд нишон дод, ки дастандкорони ин ҳама хунрезиву даҳшат роҳбарият ва аъзои ташкилоти террористиву экстремистии собиқ Ҳизби Наҳзати исломӣ мебошанд.

Ин ташкилоти террористӣ аз рӯзҳои аввали таъсисёбиаш ҳамчун ташкилоти иғвоангезу ҷудоихоҳ ва бераҳму хиёнаткор ба масири таърихи ин миллат зарбаи сахту манфие расонд, ки ҳеҷ гоҳ аз саҳифаи таърихи чунин як миллати куҳанбунёд фаромӯш нахоҳад шуд.

Ҳақиқати дигар ин аст, ки яке аз аъзои ин ташкилот Муҳаммадиқболи Садриддин, ки дур аз Ватан дар боби покиву назофат ва ахлоқи инсонӣ ҳарф мезанад, баъд аз тамошои қисмати ҳафтуми филми ҷуҷҷатии «Хиёнат» зери лавҳаи «Бешарафӣ» маълум гардид, ки ӯ як инсони номус аз даст рафта мебошад. Намоиши ин филм пардаро аз рӯйи манфури Мухаммадиқболи Садриддин бардоштаву ҳақиқатро ошкор намуд.

Ғафуров Сайдамир, узви гурӯҳи таҳлилии назди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg