АНДЕША. Артиши миллӣ ин сипарест, ки тамоми рукнҳои давлатдории моро ҳимоя мекунад. Маҳз ин неру бояд аз лиҳози силоҳ ва таҷрибаи ҷангӣ бой бошад. Солҳои аввали ба даст овардани даврони соҳибистиқлолии кишвари азизи мо артиши худро ташкил намуда буд ва ин артиш новобаста аз нав ташкил шуданаш аз лиҳози мудофиа ва мубориза бурдан исбот намуд, ки манфиатҳои давлатдориро ҳифз карда метавонад. Албатта, ҳар як шаҳрванд аз мусаллаҳ будани артиши давлати худ ифтихор мекунад. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола санаи 23 феврал саф ороста, аз майдонҳо бо тамоми иқтидори ҷанги мегузаранд. Намоиши сафороӣ ва гузашти ҳарбии онҳо аз майдон шаҳодат медиҳад, ки артиши мо сол аз сол аз лиҳози аслиҳа муҷаҳҳаз ва неруманд гардида истодааст. Дар баробари ин дар сохтори он гурӯҳҳои махсуси зудмал вобаста ба самтҳои гуногуни мубориза ва пешгирии ҷинояткорӣ таъсис дода шудааст.
Артиши миллии мо чун рукни устувори давлатдорӣ зери сиёсати сулҳҷӯёна ва хирдамандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавоно ва бо нақлиётҳои ҷангии заминию ҳавоӣ мусаллаҳ гардидааст. Кишвари сулҳофари мо танҳо барои ҳимояи марзу бум ва давлатдории худ омодагӣ дида, ҳеҷ вақт мақсади ҷанг ва андохтани низоъро дар дигар минтақаҳо надорад. Мо, ки дар ҳамсарҳадии давлати Исломии Афғонистон қарор дорем ва ин минтақа то ҳол амнияти комилро ба даст наовардааст доимо дар омодагии дифои худ ҳастем. Барои ҳамин моро зарур аст, ки Артиши тавонно ва қудратманд дошта бошем.
Ҳамасола 23-феврал Рӯзи Артиши миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз дар ҳамаи шаҳру навоҳии кишвар чорабиниҳои тантанавӣ ташкил ва гузаронида мешавад, маросими савгандёдкунии наваскарон низ гузаронида мешавад. Волидайни наваскарон имкон доранд дар ин рӯз аз аҳволи фарзандони худ бохабар шуда, бо шароити зисти онҳо шинос шаванд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ тамоми соҳаҳои кишвар рӯ ба беҳбудӣӣ оварда, шароити мусоид фароҳам гардид. Албатта, зери сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми гӯшаву канори мамлакатамон корҳои созандагиву бунёдкорӣ иҷро гардиданд. Имрӯз шароити мусоид дар ҳамаи ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳо муҳайё мебошад. Ҳар як сарбоз дар баробари адои хизмати ҳарбӣ ихтисос ва касбҳои гуногунро аз худ менамояд агар дорои маълумоти олӣ бошад соҳиби рутбаи ҳарбӣ мегардад. Маҳз чунин шароит ва дастгириҳоро ба инобат гирифта ҳамасола сафи ҷавонони ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ зиёд мегардад ва онҳо баъди адои хизмати ҳарбӣ аз мактаби мардонагӣ гузашта, сидқан қадру қимати ватандорӣ, масъулият ва волидайнро дарк менамоянд.
Сафаралӣ Мирзоев, муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ