ЛЕВАКАНТ. Дар деҳаи Зағертути ҷамоати деҳоти Ваҳдати шаҳри Левакант бо иштироки гурӯҳи таблиғотӣ ҷиҳати шарҳу эзоҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид.
Баромадкунандагон оид ба татбиқи самтҳои афзалиятноки Паёми навбатӣ, қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳадафҳои созандаи ҳизб ва дар самти бунёдкорию созандагӣ баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ намуданд.
Инчунин, ба иштирокчиён қайд намуд, ки аслан ҳар як суханронӣ ё иқдому ташаббусе, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷом медиҳад, ҳадаф, маром, маънӣ ва моҳияти ватандӯстона дорад. Ватандӯстӣ низ дар татбиқи амалҳои созанда ва ободкорӣ ба нафъи шукуфони Ватан зоҳир мегардад.
Дар ин миён ба боварӣ гуфтан мумкин аст, ки ватандӯстӣ аз ҳифзи марзу буми Ватан оғоз меёбад ва ин амал рисолати ҷавонмардии мо ба ҳисоб меравад. Бояд ба ҷавонон ин нукта фаҳмонида шавад, ки хизмат ба Ватан-Модар қарзи фарзандӣ ва имониву виҷдонии ҳар як ҷавонмарди бонангу номус буда, мактаби бузурги тарбияи ирода, ҷасорат, шуҷоат ва ватандорӣ ба ҳисоб меравад.