КӮЛОБ. Шахсони бонангу номус ва саховатманд дар кишварамон зиёд буда, дар ҳошияи дастуру супоришҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои хайру савобро ба анҷом дода истодаанд.
Бо дастгирии нафарони саховатпеша ба сокнони деҳаи Офтоблиқои ҷамоати деҳоти Зиракӣ як дастгоҳи обтаъминкунӣ ва 22 нуқтаи оби ошомиданӣ кашонида шуда, деҳаи мазкур ба ин васила рӯз ба рӯз обод шуда истодааст.
Сокинони деҳаи мазкур ба шахсони саховатманд, ки дар пайравӣ аз сиёсати хайрхоҳонаи Сарвари давлат чунин амалҳои неку савобро анҷом медиҳанд, изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.
Ҳамзамон, рӯзҳои офтобии фасли зимистонро сокинони ҷамоати деҳоти Зиракӣ, хусусан сокинони деҳаҳои Зиракӣ ва Офтоблиқо самаранок истифода намуда, худ низ машғули корҳои ободонӣ ва созандагӣ мегарданд.