БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМИ УМЕДБАХШ

АНДЕША. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дастовардҳо дар соли 2020 дар бахши рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва вазифаҳои муҳими рушди мамлакат дар соли 2021 сухан ронда, самтҳои асосии фаъолиятро дар соли ҷорӣ ва солҳои минбаъда муайян намуд.

Дар Паём вазифа гузоша шуд, ки дар оянда бо назардошти иқтидорҳои иқтисодии кишвар  рушди он  дар соли оянда ба  7-8  фоиз расонида шавад.

Қайд гардид, ки дар низоми электронии молиявӣ ва иқтисоди рақами инчунин, ҳукуматӣ электронӣ тадбирҳои мушаххас гузаронида шавад ба ин мақсад пешниҳод гардид, ки Агентии инноватсия ва технологияи рақамӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёбад.

Дар Паём омадааст, ки дар самти саноатикунонӣ қадамҳои устувор гузошта мешавад. Барои рушди саноати кӯҳӣ барномаҳои сармоягузорӣ амалӣ карда мешавад. Ҳамаи ин барои он тадбиқ мегардад, ки дар мамлакат маҳсулоти рақобатпазири содироткунанда тавлид ёбад.     Дар бахши электроникунонии мамлакат   бунёди нерӯгоҳҳои нав ва таъмиру таҷдиди нерӯгоҳҳои Норак, Дӯстии  халқҳо ва Сарбанд идома дода мешавад,   Сохтмону азнавсозии роҳҳо идома ёфта, солҳои наздик боз зиёда аз 1500 км роҳҳои байналмилалӣ сохта мешавад. Дар доираи онҳо азнавсозии қитъаи роҳи Қалъаи хумб- Ванҷи роҳи Душанбе Кулма дар назар дошта шудааст.

Бо назардошти он, ки тандурустӣ яке аз соҳаҳои муҳимтарини иҷтимоӣ мебошад, Ҳукумати Тоҷикистон дар даврони истиқлол маблағгузории тандурустиро ҳамасола зиёд карда, ба 2,1 миллиард  расонид.

Инчунин, дар Паём ба масъалаи илм, маъориф, баланд бардоштани  мақоми занону бонувон  дар ҳаёти  ҷомеа, саҳми ҷавонон дар рушди тамоми соҳаҳо, аз ҷумла  иқтисодию иҷтимоии кишвар  ва ба ҳамин монанд масъалаҳо  таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.

Паёми имсолаи  Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ барномаи созандагӣ ва бунёдкорӣ маҳсуб шуда, дар амал тадбиқ шудани нуктаҳои он ба баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум мусоидат мекунад.

Заринаи Саймумин,  вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ховалинг

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg