БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ – МУЖДА АЗ ХАЙРУ БАРАКАТ

АНДЕША. Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар моҳияти иҷтимоӣ дошта, дар он  масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии шаҳрвандон  мавриди амал  қарор дода шуд.                                                                          

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба мардуми шарифи Тоҷикистон оид ба  корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ маълумот доданд. Ҳамзамон, қайд карда шуд, ки соли 1991 ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда буд. Ин шумора дар соли 2020 ба 2274 адад расида, тибқи ҳадафҳои муайянгардида  дар ҳафт соли оянда ба зиёда аз 3500 адад расонида мешавад, яъне беш аз 54 фоиз афзоиш меёбад. Бояд қайд намоем, ки зиёдшавии корхонаҳои саноатӣ ба манфиати давлату миллат буда, инчунин барои шаҳрвандони кишвар ҷойҳои кории зиёдеро фароҳам меоварад. Қисми зиёди шаҳрвандони мо барои дарёфти рӯзғор ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба давлати Россия рафта,  дур аз хонаву дар, зану фарзанд ва Ватану давлат кору фаъолият менамоянд. Мақсади асосии таъсиси корхонаву заводҳо низ дар мамлакат барои таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои кори доимӣ ва кам кардани муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад.     Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди пош хӯрдани собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ягона давлате буд, ки гирифтори ҷанги шаҳрвандӣ гардида, қариб ҳамаи корхонаву заводҳои саноатӣ вайрону валангор шуда, қисми зиёди онҳо тамоман несту нобуд карда шуданд.  Бо шарофти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлате, ки ба нестию нобудӣ  рафта расида буд, боз аз нав эҳё шуд. Мардуми шарифи Тоҷикистон бо роҳбарии ин марди асил боз Тоҷикистони ҷангзадаву валангорро ба арсаи ҳастӣ бароварда, барои тамоми ҷаҳониён нишон доданд, ки мардуми тоҷик мардуми бофарҳангу таърихӣ буда, баъди солҳои зиёд боз истиқлолияти комили миллиро ба даст оварданд. Таваҷҷуҳи давлату ҳукумат дар самти кишоварзӣ хело ҳам зиёд буда, ҳамасола барои истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигию кишоварзӣ ва рӯёнидан 3-4 ҳосил аз ҳар ваҷаб замин таъкид карда мешавад. Дар давраи соҳибистиқлолӣ барои рушди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла бунёду азнавсозии инфрасохтори обрасонӣ, азхудкунии заминҳои нав, беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳо, таъминоти соҳаи кишоварзӣ бо техникаи зарурӣ, истеҳсоли тухмиҳои аълосифат ва дастрасии субъектҳои хоҷагидор ба маблағгузорӣ 22 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар ҳаҷми беш аз 5,4 миллиард сомонӣ тадбиқ шудааст. Ҳоло дар кишвар 7 лоиҳаи дигар ба маблағи 2,4 миллиард сомонӣ амалӣ гардида истодааст. Натиҷаи заҳмати софдилонаи кишоварзон ва чораҳои амаликунандаи Ҳукуматро мо имрӯз дар фаровонии маҳсулоти истеҳсоли худӣ дида истодаем. Бо дарназардошти вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза мо минбаъд низ бояд тарзе кор кунем, ки ба ҳар гуна мушкилоти эҳтимолӣ омода бошем ва нагузорем, ки мардумамон аз норасоии маводи ғизоӣ танқисӣ ва муҳтоҷӣ кашанд. Ҳамзамон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинобар сабаби хуруҷи бемории сироятии нави коронавирус дар соли 2020 ва якбора баста шудани тамоми сарҳадоти дигар давлатҳо, инчунин барои зиёдшавии сатҳи бекорӣ дар мамлакат тасмим гирифтанд, ки тамоми кишоварзони мамлакатро барои таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ як сол, яъне соли 2021 аз пардохти андози ягонаи замин озод намуданд.                                                     

Бояд кайд намоем, ки  мо ҷавонон Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи асосии кори худ қарор дода,  ҳамаҷониба барои дар амал татбиқ намудани он талош варзем. Ва имсол барои мардуми шарифи Тоҷикистон, ки соли хело ҳам муқаддас ва фаромӯшнашаванда, яъне ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегирем, бояд тавре амал намоем, ки ҷаҳониён аз дидани Тоҷикистони азиз ангушти ҳасрат газида, дар корҳои минбаъдаашон тақлид ба мардуми кишвари мо намоянд.

Нозиров Хайём, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg