БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН

А.ҶОМӢ. Вохӯрии номзад  ба вакили Маҷлиси  вакилони халқи вилояти Хатлон Сулаймонзода Акрам Раҳим муовини раиси вилояти Хатлон аз ҳавзаи интихоботии №64-и вилоятӣ ва номзадҳои ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ  Хайрулло Ҳафизулло Сайдулло муовини раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз ҳавзаи интихоботии №31 ва Назокат Қосимова муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Абдураҳмони Ҷомӣ аз ҳавзаи интихоботии  №9 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 ва шахсони боэътимоди онҳо бо интихобкунандагон аз Ҷамоатҳои деҳоти ба номи Қадриддин Ғиёсов ва Иттифоқ доир гардид.

Дар вохӯрӣ Муҳаммаддовуд Ҳалимзода раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, Маҳмадёқуб Салимов раиси ҳавзаи интихоботии №64-и вилоятӣ, Ғайратов Сайдулло раиси комиссияи ноҳиявии интихобот ва Шарифхон Бобохонзода раиси ҷамоати деҳоти ба номи Қадриддин Ғиёсови ноҳия   ва  шахсони боэътимоди номзадҳо ширкат варзиданд.

Зимни баромади худ масъулин қайд намуданд, ки ҲХДТ барои ривоҷи мафкураи  давлатию ҷаҳонбинии илмӣ ва баланд бардоштани сатҳи илму дониш, интизом, садоқат ба Ватан ва мардуми Тоҷикистон, таҳаммулпазирӣ, касбият, салоҳиятнокӣ, инчунин татбиқи технологияҳои замонавӣ барои рушду нумуи кишвар пайваста талош меварзад. Ҳамзамон ҷамъомадагонро ҷиҳати иштироки фаъолона дар рӯзи интихобот, ки 21 феврали соли 2021-ум баргузор мегардад,  ҳидоят  намуданд.

Инчунин, аз ҷониби шахсони боэътимоди номзадҳо муаррифинома ва барномаи пешазинтихоботии номзадҳо муаррифӣ карда шуд.
Иштирокдорон суолу дархост ва пешниҳодҳои худро доир ба масъалаҳои мубрами рӯз баён дошта, ҷонибдории хешро аз номзадҳо баён карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg