БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АРТИШИ МИЛЛӢ ИФТИХОРИ МОСТ

АНДЕША. Аз таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 сол пур мешавад. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи истиқлол буда, дар шароити вазнин таъсис ёфтааст. Вазъи душвори ҳарбӣ – сиёсии он солҳо имкон надод, ки Тоҷикистон аз мероси артиши Иттиҳоди Шуравӣ бархурдор гардад. Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо дивизияи тирандози 201-уми Федератсияи Русия ҷойгир монду халос.

Артиши ҷавони Тоҷикистон, хусусан дар солҳои душвори фоҷеабори ҷанги шаҳрвандӣ якҷо бо мақомоти ҳифзи қуқуқ ва дигар сохторҳои низомии кишвар дар ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, ҳимояи марзи Ватан, безарар гардонидани гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткори трансмиллӣ ва хомӯш кардани ошӯбҳои хиёнаткорона бар зидди давлат ва ҷомеа саҳми сазовор гузошт.Тайи 28 соли фаъолият Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои сахту сангинро пушти сар карда, аз озмоишҳои шадиди ин солҳо гузашт ва имрӯз ба неруи қудратманди низомӣ, муҳофизи сулҳу субот ва фазои орому осудаи кишвар табдил ёфт ва барои ҳифзи боэътимоди марзу буми Ватани азиз собитқадамона рушду такомул намуд.

Ватан, макони муқаддас аст. Вақте инсон ин вожаро ба забон меорад, пеш аз ҳама он маконе ба хотираш меояд, ки дар он ҷо таваллуд шудаасту ба воя расидааст ва ин макон барои ҳар шахс азизу муқаддас аст. Ҳифзи Ватан яке аз вазифаҳои муқаддаси ҳар як инсон ва тоҷику тоҷикистонӣ мебошад. Аҷдодони мо ҳувияти миллиро ҳамеша дар худ тарғибу таблиғ менамуданд ва барои озодӣ ва ҳифзи истиқлоли давлати хеш ҷони худро дареғ надоштаанд. Нишонаи ҷавонмардию ҳимоягарӣ аз ниёгон ба мо мерос буда, муқаддас будани Ватанро аҷдодони мо аз хурдсолӣ ба мо омӯзонидаанд.  Мо бояд дарк намоем, ки хизмати Ватан мактаби ҷавонмардист ва аз ин мактаб шуҷоату мордонагӣ омӯзем.

Бигзор дар сарзамини соҳибистиқлоламон сулҳу оромӣ ҳамеша пойдор бошад. Мо тамоми саъю кӯшиши худро ба он равона месозем, то  ин ки сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ дар кишварамон устувор ва ҷовидон боқӣ монад.

Сайёра Ҳусейнова, мудири шуъбаи умумии  КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон

                                                                                   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg