БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕНАМОЕМ!

ДАНҒАРА.  Бо мақсади таҷлили сазовори 28-умин солгарди таъсисёбии Рӯзи Артиши миллӣ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара ва ҷалби аъзои намояндагии  ТҶҶ “ Созандагони Ватан”, волонтёрони ҳизбӣ дар қисми ҳарбии №13483Б мулоқоту чорабиниҳои фарҳангӣ, мусобиқаҳои  шавқовари варзишии  намуди футбол, шоҳмот, волейбол миёни сарбозон гузаронида шуд.

Ҳамзамон дар ин раванд ташкили боздидҳои ҷавонон, хонандагони синфҳои болоӣ аз қисми ҳарбии №13483Б – и ноҳияи Данғара  сурат гирифта, иштирокдорони чорабинии ҳизбӣ, аз ҷумла чавонону наврасон аз шароити буду боши афсарону сарбозони қисми низомии мазкур аз наздик шинос шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg