БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Баланд бардоштани маърифат ва масъулияти шаҳрвандон дар роҳи созандагию бунёдкории Ватан

КУШОНИЁН. Кормандони  Кумитаи  иҷроияи  Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон  дар  ноҳияи  Кушониён   дар  ҳудуди  шаҳраку  деҳоти  ноҳия ҷиҳати  боз  ҳам  густариш  бахшидани  иртибот  бо  мардум ва  ҷалби  омма  дар  амалӣ  намудани  ҳадафҳои  созандаи ҲХДТ  бо  сокинон  мулоқоту  вохӯриҳо  баргузор  намуда  истодаанд.

Дирӯз бо иштироки кормандони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён  дар ташкилоти ибтидоии “Беҳбудӣ” бо саҳмдорон  вохӯрӣ доир гардид.

Дар рафти маҷлис  Шомалангова Миҷгона ва  Асроров Саидшо оид ба амалӣ ва татбиrи  Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарuиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ  аз  паҳншавии бемориҳои сироятӣ, таърих ва тарuиби фарҳанги миллии тоҷикон, бинобар эълон гардидани Соли рушди  сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, терроризму экстремизм, тарбияи ҷавонон дар руҳияи инсондeстӣ, меҳнатдустӣ ва ватанпарварӣ, халқро муттаҳид  намудан дар атрофи ҲХДТ- ҳизби созандаву бунёдкор  суханронӣ намуданд.

Инчунин, зимни суханронӣ масъулин  мазмуну муҳтавои  суханронии  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мулоrот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон, дар мавзeъи  “Ислом набояд бо uаразҳои сиёсӣ омехта карда шавад”, ки санаи 12 майи соли 2018 баргузор гардид,  шарҳу тавзеҳ доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg