КӮЛОБ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Трести чарогоҳ” вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Мунаввараи Бозоралӣ ва раиси ташкилоти ибтидоӣ Саидов Неъматулло иштирок ва суханронӣ намуданд.
Мунаввараи Бозоралӣ суханронӣ намуда, қайд кард, ки қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” яке аз иқдомҳои неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нафъи мардум буда, барои устувор гардидани пояи ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд ва дунявӣ заминаҳои мустаҳкам гузоштааст.
Ҳамзамон, аз ҷониби Саидов Неъматулло гуфта шуд, ки қонуни танзим аз нодиртарин қонуни даврони Истиқлолият ба ҳисоб меравад. Мақсад аз қабул гардидани ин қонун пеш аз ҳама ба хотири ҳимояи манфиатҳои иқтисодию иҷтимоӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, баланд бардоштани фарҳанги маъракаороии шаҳрвандон ва гирифтани пеши роҳи исрофкорӣ, тақлидкорӣ, худнамоишдиҳӣ ва хурофотпарастӣ мебошад.