БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМРО САРМАШҚИ КОРИ ХУД МЕКУНЕМ

ДАНҒАРА.  Бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоати деҳоти ба номи Исмат Шариф  миёни сокинон бо иштироки гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокмияти давлатии ноҳияи Данғара дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲҲДТ дар ноҳияи Данғара суҳбату вохӯрӣ доир карда шуд.

Дар мулоқот муовини якуми раиси ноҳияи Данғара Шарифзода Ҷамшед,  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Каримзода Пирмуҳаммад, ректори Донишгоҳи давлатии Данғара Шоҳиён Нуралӣ Набот, оид ба паҳлуҳои гуногуни Паёми имсола ибрози андеша намуда, қайд карданд, ки Паёмро ҳар як сокини кишвар бо шарҳу тавзеҳаш сармашқи кори худ намояд, чунки дар Паём тамоми паҳлуҳои хоҷагидорӣ дар самти кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф ва дигар самти хоҷагии халқ соҳа ба соҳа таҳлил гардидааст. 

Инчунин, дар идома вобаста ба дигар масъалаҳои муҳими рӯз аз ҷониби гурӯҳи корӣ  андешаронӣ карда шуда, сокинон ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, хоҷагидорию кишоварзӣ ва риояи талаботи қонунҳои миллӣ раҳнамоӣ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg