ВОСЕЪ. Ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ташкилоти ибтидоии “Тугарак”-и ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизбӣ ва дар якҷоягӣ бо аъзои намояндагии ТҶҶ “ Созандагони Ватан” бо хонандагони синфҳои болоӣ вохӯрӣ доир намуданд.
Зимни вохӯрӣ мудири шуъбаи занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроия Солиҳов Фарух оид ба нуктаҳои асосии Паёми имсола ибрози ақида намуда, гуфт, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ қайд намуданд, ки ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва неруи бунёдкорона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд.
Бинобар ин меҳру муҳаббати Ватанро бояд ҳар як фарди ҷомеа, хусусан мо ҷавонон ва наврасон дар қалби худ, дар вуҷуди худ ҷой дода, чун ҷони худ ҳифз намоем.