БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО ҶАВОНОН ИСТИҚЛОЛИЯТИ КИШВАРРО ЧУН ГАВҲАРАКИ ЧАШМ НИГОҲ МЕДОРЕМ

ВОСЕЪ. Дар Коллеҷи тиббии ҷамоати деҳоти ба номи  Абдӣ  Авазови ноҳияи Восеъ бо ҷавонон ва  омӯзгорони Коллеҷи мазкур вохӯрӣ гузаронида шуд.

Зимни вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳафиза Раззоқ оид ба  нуктаҳои асосие, ки аз Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ибрози ақида намуда,  доир ба масъалаҳои мубрами рӯз, аз қабили пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгарою  террористӣ, дур кардани онҳо аз ин падидаҳои номатлуб ва бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ дар дили онҳо суханронӣ намуд.

Ҳамзамон,  Иботов Диловар мудири бахши омори Кумитаи иҷроия қайд намуд, ки чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Ҷавонони азиз! Ояндаи Тоҷикистон дар дасти Шумост, биёед ба ҷаҳониён исбот намоед, ки миллати тоҷик-миллати сулҳпарвару меҳанпараст мебошад ва кӯшиш намоед, ки истиқлолияти миллати худро то абад ҷовидон нигоҳ доред ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳед”. Ҷавобан, ба ин гуфтаҳои Сарвари давлат мо ҷавонон, бояд  масъулияти тақдири давлат ва миллатро бар дӯши худ гирифта, халқамонро ҳамеша дар муттаҳидӣ ва бо бунёдкориву созандагӣ раҳнамо сохта, Истиқлолияти кишвари азизамонро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg