БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОНИ ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛ ИФТИХОРИ МИЛЛАТАНД

ВОСЕЪ. Бо мақсади бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ дар дили ҷавонону наврасон ва таҷлили таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони Гулбоғи ноҳияи Восеъ миёни ҷавонони муассисаҳои таълимии  ноҳия  машқҳои ҳарбӣ - ватандӯстӣ  гузаронида шуд.

Зимни сӯҳбат бо ҷавонон мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Восеъ Фарзонаи Неъматзода иброз намуд, ки масъалаҳои боз ҳам беҳтар намудани таълиму тарбияи ноболиғону ҷавонон, дар рӯҳияи ватандӯстиву эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ба воя расонидани онҳо ва баланд бардоштани нақши намояндагони ин насли ояндасози кишвар дар пешрафту шукуфоии Ватани маҳбубамон ҳамеша дар мадди назари роҳбарияти Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад.

Баъдан  мудири шуъбаи занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Солиҳов Фаррух ҳамаи иштирокдорони чорабиниро бо Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳар сол санаи 23-юми феврал ҷашн гирифта мешавад,  табрик намуда, қайд кард, ки ҷавонон дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд. Ҷавонони имрӯза, яъне насли замони Истиқлол аз наслҳои пешина бо савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқ фарқи куллӣ доранд, ки ин ҳама боиси ифтихори тоҷикон мебошад.

Бояд қайд намоем, ки дар ҷамъбасти чорабинӣ ғолибон бо Сипоснома ва мукофотҳо қадрдонӣ гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg