БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ - НУСРАТБАХШИ ФАРДОИ НЕК

АНДЕША. Паёми навбатии Президенти мамлакатамон ба Маҷлиси Олӣ, ки 26.01.2021 сол барпо гардид,  ҳамчун Паёми таърихӣ  дар сиюмин солгарди Истиқлолияти Ватани азизамон рост омад ва онро Ҷаноби Олӣ ба ҳамаи ҳамватанон табрику муборакбод гуфтанд. Дар ироаи худ Пешвои миллат  қайд намуданд, ки соли 2020 барои сокинони тамоми ҷаҳон,  аз ҷумла Тоҷикистони мо низ яке аз солҳои вазнин буд.

Пайдоиши бемории сироятии коронавирус навъи COVID - 19  ва пандемияи он қариб дар тамоми давлатҳои дунё  паҳн шуда, хисороти зиёти ҷаҳонӣ,  буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ овард. Мувофиқи арзёбии коршиносони ҷаҳонӣ чунин буҳрони шадиди  фарогир дар асрҳои охир бори аввал ба миён омад. Оқибатҳои ногувори пандемия ба иқтисодиёти тамоми кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла ба рушди иқтисоди миллӣ, буҷети давлатӣ, гардиши савдо, қурби асъори миллӣ ба фаъолияти корхонаҳои саноативу муассисаҳои хизматрасонии Ватани мо низ таъсири манфии  худро расонд ва то ҳол расонда истодааст.

Ҳукумати мамлакат тамоми чораҳои заруриро андешида, кӯшиш ба харҷ доданд то тамоми имконияту шароитҳоро фароҳам оварда,  ин пандемияро пешгирӣ ва табобат намоянд. Ба соҳаи тандрустӣ барои хариди доруворӣ, таҷҳизотҳои тиббӣ, бунёди беморхонаҳои муваққатӣ ва дастгирии кормандони тиб аз буҷети давлат 1 миллиарду 600 миллион сомонӣ маблағҳои иловагӣ равон карда шуданд.

Ҳукумати мамлакат барои табобати пурра  ва саривақтии шахсони гирифтори бемории сироятии  COVID - 19 беш аз 30 беморхона бо 7000 кат ва 5400 нафар табибону кормандони тиббӣ сафарбар намуданд. Иловатан дар 92 муассисаҳои тиббӣ 16000 кат омода карда шуд.

Ҳукумат барои табибон тамоми шароитҳои корию маиширо фароҳам оварда то, ки онҳо бо як руҳияи баланд, малакаи корӣ бар зидди ин пандемия мубориза баранд.

Дар як муддати кӯтоҳ бо дастгирии ҳукумат Вазорати тандрустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар тамоми манотиқи кишвар ситоди кории зидди пешгирӣ, дарёфт ва табобатӣ бемории COVID - 19 - ро ташкил намуда,  бар зидди он дастаҷамъона мубориза бурданд.

Бинобар ин Пешвои миллат бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи кормандони соҳаи тандрустӣ, махсусан ба табибон ва ҳамшираҳои шафқат, ки дар шабу рӯзҳои авҷи бемории сирояти коронавирус ба савганди касбии худ содиқ монда, барои табобати мардуми Тоҷикистон софдилона заҳмат кашиданд ва ҷони ҳазорон нафар ҳамватанонамонро аз марг наҷот доданд, бори дигар сипосу минатдории самимӣ  баён намуданд. Ҳамчунин ба кулли сокинони кишвар, ки сабру таҳаммул нишон дода, ба воҳимаву таҳлука наафтоданд, баръакс муттаҳид шуда, эҳтирому иззати ҳамдигарро ба ҷо оварданд, табибон ва оилаҳои онҳоро дастгирӣ карданд ва баробари Ҳукумат заҳмат кашиданд, инчунин ба соҳибкорони ватандӯст ва дигар шахсони саховатпеша, ки ба муассисаҳои тандрустӣ табибон ва оилаҳои камбизоат бо таҷҳизоти тиббӣ, доруворӣ ва маводҳои ғизоӣ кумак расонданд, сипоси бепоёни худро изҳор намуд.

Чи хеле ки ба аҳли сокинони ноҳияи Восеъ маълум буд,  беморхонаи №5 деҳаи Охҷар дар ноҳия ягона муассисае буд, ки бо дарназардошти шароитҳои мусоид ва ҷавобгӯ ба талабатҳои қоидаҳои санитарӣ -гигиенӣ, мувофиқи пешниҳоди ситоди доимоамалкунандаи бемории COVID - 19 барои хобонидани шахсони гумонбари бемории сироятии COVID -19  пешбинӣ шуда аз аввали сол дар ҳолати омодабошӣ қарор дошт ва билохира аз охирҳои моҳи апрел то моҳҳои июн 104 нафар шахсони гумонбари бемории COVID – 19 хобонида табобат ва пешгирӣ карда шуданд. Дар ин пандемия ҳамаи мутахассисон ва коргарони хурди беморхонаи №5 саҳми арзандаи худро гузоштанд.

Пешвои миллат қайд намуданд, ки аз оғози моҳи январи соли 2021 дар кишварамон бемории сироятии COVID – 19 аз байн рафтааст. Лек мо бояд зиракӣ ва ҳушёриро аз даст надиҳем, чун пештара ба қоидаҳои беҳдоштии  шахсиву ҷамъиятӣ эътибори ҷиддӣ диҳем ва ҳамдигарро эҳтиёт кунем. Дар баробари мушкилоти пандемия, таъмини аҳолии сайёра бо маҳсулоти ғизоӣ, ба масъалаҳои мубрам табдил ёфт. Пешвои миллат бо ишорае ба таҳлили Созмони Миллали Мутаҳид, таъкид намуданд, ки соли 2021 яке аз солҳои вазнин дар сад соли охир хоҳад омад, ки барои паси сар кардани он аз ҳоло омодагии ҳаматарафаро ба кишту кори баҳорӣ вусъат дода,  бо истеҳсоли маҳсулоти босифати кишоварзӣ амнияти озуқавории мамлакат ва талаботи  мардумро ба маводи ғизоӣ боз ҳам беҳтар намоем.

Ҳар як фард,  сокинони мамлакат, корхонаву муассисаҳо, соҳибкорон, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ноҳияҳо ва вилоятҳоро вобаста намуданд, ки ҳар як ваҷаб заминро сарфакорона истифода бурда, маҳсулотҳои кишоварзӣ,  аз ҷумла кишти ғалладона ва картошкаро хубтару беҳтар ба роҳ монда,  дар таъмини маҳсулоти ғизоӣ ва амнияти озуқавории кишвар саҳмгузор  бошанд.

Дар Паёми худ Пешвои миллат самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзу ҳуқуқу  тартибот, тандурустӣ,  фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, зан ва мақоми он дар ҷомеа вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Дар самти сиёсати дохиливу хориҷии кишвар, терроризм ва ифротгароӣ, ки боиси амиқ гардидани таҳдиду хатарҳои сиёсию иқтисодӣ, амниятӣ ва башариву фарҳангӣ дар минтақаҳои олам гардидааст, масъалаи аввалиндараҷа мебошад.

Тоҷикистон ҷонибдори низоми ҷаҳонии одилона, бидуни ҷангу низоъ,  густариши ҳамкориву шарики барорбар ва судманди ҳамаи кишварҳои олам, таъмини амнияти ҷаҳониву минтақавӣ бо роҳи созишу муколамаи созанда бар асоси оинномаи Созмони Миллалӣ Муттаҳид мебошад.

Ҳадафи чоруми стратегии кишвар – саноатикунонӣ, ки онро соли 2018 Пешвои миллат эълон карда буданд, дар мамлакат босуръат давом ёфта истодааст.

Бунёди корхонаҳои хурду миёна дар деҳотҳо ва корхонаҳои калони саноатӣ дар шаҳрҳои мамлакат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ ва таъмини шаҳрвандон ба ҷои кор дар мамлакати худ нақши  басо бузурге мебозад. Бинобар ин Пешвои миллат фармуданд, ки дар ҳар як деҳае, ки зиёда аз 100 хоҷагӣ дорад, мактаб, бундгоҳи тиббӣ, дигар муассисаҳои хизмати  маишӣ, варзишӣ дошта бошанд ва роҳҳояшон ба талабот ҷавобгӯ бошанд.

Боло бурдани сатҳи сифати таълим дар тамоми зинаҳои таъсилот вазифаи муҳимтарини соҳаҳои илму маориф мебошад, таъкид сохтанд  Президенти  кишвар.

Пешвои миллат қайд намуданд, ки дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои ташкилоти кишвар. Аз ин рӯ, дар ин соҳа ислоҳот дароварда мушкилоти мавҷударо давра ба давра бартараф намудан лозим аст.

Соҳаи тандрустӣ яке аз масъалаҳои муҳими кишвар ба ҳисоб мераванд. Пешвои миллат ба солимии ҷомеа ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ диққати махсус дода, инфрансохтори муассисаҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро мунтазам тавсеа ва таҳким бахшида истодааст. Дар давоми се соли оянда, яъне то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти кишвар дар Ҷумҳурӣ беш аз 560 беморхонаву  марказҳои саломатӣ ва дигар иншоотҳои соҳаи тандрустӣ бунёд карда мешавад. Бо вуҷуди пешравиҳо, камбудиҳо низ, аз ҷумла ҳангоми расонидани кумаки аввалияи тиббӣ, талаб кардани маблағ ва доруворӣ, паст будани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва муоширати табибон мушоҳида мешавад.

Масъалаи дигаре, ки дар ин самт назорати пурзӯрро таъкид месозад, ин ғайриқонунӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва ба муомилот баровардани дорувории бесифат ё муҳлати истифодаашон гузашта ё истеҳсол кардани онҳо дар мамлакат, ки дар натиҷаи фаъолияти тиббӣ ба бемориҳои сироятӣ оварда мерасонанд. Соли ҷорӣ барои амалӣ намудани ин кирдорҳо дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид намуда, шахси гунаҳкор ба ҷазои ҷиноӣ  кашида шуда,  маҳбасӣ мешавад.

Фарҳанги  тоҷикон дар ҷаҳон худро ҳамчун таҷассумгари симои маънавии халқ, баёнгари таърихи гузаштаву муосир, ойину анъана дигар муқаддасоти миллӣ ва ташакулдиҳандаи одобу ахлоқӣ ҳамида нишон додааст.   

Боз якчанд нуктаҳои муҳими Паёми навбатии  Пешвои миллат дар масалаҳои дастгирии соҳибкорон, ки соли пешомада 300 рӯзи ислоҳот оид ба дасгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва дастгирии онҳо дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат, дастгирии ҷавонон аз сиёсати давлату ҳукумат ва хизматҳои содиқона ба Ватан. Дар ин масъала Пешвои миллат қайд намуданд, ки «ҷавонон мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистони азиз мебошанд». Ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати чавонони мо ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа,  пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд. 

Ҳамчунин, зимни ироаи Паём, Ҷаноби Олӣ бори дигар аз вазъи ноороми ҷаҳон ёдовар шуда, таъкид сохтанд : «Мо бояд аз истиқлолияту озодӣ ва соҳибдавлативу соҳибватанӣ шукрона кунем, шукронаи Ватани соҳибихтиёру маҳбубамонро ба ҷо орем, бо дарназардошти вазъи ноороми минтақа ва ҷаҳон зиракию ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем, онро сидқан дӯст дорем, ба он содиқ бошем ва дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони азизамон равона кунем».

Мо маъмурият ва кормандони беморхонаи №5 пас аз  тамошои мустақими Паёми навбатии Ҷаноби Олӣ ба Маҷлиси Олӣ, онро боз як бори дигар дар маҷлиси умумӣ  коллективи меҳнатӣ, таҳлил ва баррасӣ намуда, онро дастгирӣ менамоем, масъалаҳои ироанамудаи онро сармашқи кори худ намуда, баҳри пешрафту дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва баҳри ба давлати мутараққӣ табдил додани Ватани азизамон меҳнату заҳмат мекунем.

Саидов Муҳаммадҷон, мудири ташхисгоҳи беморхонаи №5 деҳаи Охҷари ноҳияи Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg