БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРИИ ВАКИЛОНИ МАРДУМӢ БО СОКИНОН СУДМАНД АНҶОМ ЁФТ

БОХТАР. Дирӯз дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №3-и шаҳри Бохтар гурӯҳи тарғиботӣ бо сокинони маҳаллаи Ургутмаҳалла вохӯрӣ оид ба дарки сокинон расонидани муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат  мулоқот доир гардид.

Дар  вохӯрии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Иброҳимзода Нематулло, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар Қушов Баҳриқул, узви гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар назди Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар Иргашева Саломат иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахсут, Иргашева Саломат ба сухан баромада, доир масъалаҳои муҳокимашаванд ибрози ақида кард. Сипас, раиси Кумитаи иҷроия Иброҳимзода Неъматулло зимни баромади худ, қайд дошт, ки ҳадафи Роҳбари давлат аз ташаббусҳои нав дар Паёми имсолаи худ баланд бардошани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал насли наврасу ҷавон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстию ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, таърих, тавсеаи дониш, ҷаҳонбинии техникӣ ва рушди илмҳои дақиқ дар кишвар мебошад.

Инчунин, дар навбати худ вакили мардумӣ  Қушов Баҳриқул бошад, доир ба мавқеи занон дар ҷомеа, нақши онҳо дар таълиму тарбияи насли наврас иброз ақида  карда, гуфт, ки  Пешвои миллат ҳамеша  барои баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа таваҷҷуҳи махсус доранд, ки  дар Паёми имсолаашон низ истисно нест. , Пешвои миллат зимни ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд, ки “Ҳукумати мамлакат ташаббусҳои занону бонувони кишварро минбаъд низ дастгирӣ карда, ба хотири ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонад.

Бо ин мақсад, ба Кумитаи кор бо занон ва оила супориш дода шуд, ки лоиҳаи қарори Ҳукумати мамлакатро дар бораи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 -2030» ва нақшаи амалисозии онро барои солҳои 2021 - 2025 таҳия ва пешниҳод намояд. Дар охир  ҷамъомадагон аз суханрониҳои намояндагони ҳизбӣ таассуроти нек бардошта, барои ташкилу баргузории вохӯрии суданд изҳори миннатдорӣ баён карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg