Ҷ.БАЛХӢ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба баргузории мулоқоту вохӯриҳо дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Зархез” вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъулини Кумитаи иҷроия зимни вохӯрӣ оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар ибрози андеша намуда, қайд карданд, ки Пешвои миллат дар Паёми имсола ироа доштанд, ки : “Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад.Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ чунин буҳрони шадиду фарогир дар сад соли охир бори аввал ба миён омада, боиси таназзули ҷиддии иқтисодиёти ҷаҳон гардид.Пайомадҳои пандемия ба иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла ба рушди иқтисоди миллӣ, буҷети давлатӣ, гардиши савдои хориҷӣ, қурби асъори миллӣ, инчунин, ба фаъолияти корхонаҳои саноативу муассисаҳои хизматрасонии мо низ таъсири манфии худро расонида истодаанд.
Инчунин, дар идомаи суҳбат намояндагони ҳизбӣ вобаста ба масъалаҳои мубрами рӯз, тарғиби тарзи ҳаёти солим, саҳм гузоштан дар ҳадафҳои стратегии кишвар, таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва расидан ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ андешаронӣ карда, сокинонро барои татбиқи амалҳои неку созанда, истиқболи шоиста аз ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳидоят намуданд.