БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАТАНДӮСТӢ АЗ ҲИФЗИ МАРЗУ БУМАШ ОҒОЗ МЕЁБАД

АНДЕША. Ҳама сола 23  феврал дар саросари  Ҷумҳурии Тоҷикистон   рӯзи Артиши миллӣ, Қувваҳои мусаллаҳ бо як шукӯҳу шаҳомати хоса гузаронида мешавад. Дар робита ба ин, бояд зикр намуд, ки яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдорӣ ин боэътимоди ҳар як давлати соҳибистиқлол, қувваҳои мусалаҳаш мебошад. Артиш  ё худ Қувваҳои  мусаллаҳ  дар ҳар давру замон барои ҳар як кишвари соҳибистиқлол пояи матин, кафили бехатарӣ ва таъминкунандаи ҳаёти осоиштаи мардум ба ҳисоб меравад. Артиш вазифаи бузурги мудофиавӣ буда, меҳру муҳаббати фарзандро нисбат ба падару модар боз ҳам бештар мекунад, ба онҳо дарси зиндагиву ҷавонмардиро меомӯзад. Артишро чун мактаби  мардонагӣ  ва  омӯзиши касбу ҳунар тавсиф карда, дар он ҷо сарбозон ҳамарӯза бояд тамрини низомӣ гузаронида ва посбониву ҳушёрӣ ва зиракии марзи кишвари азизамонро ҳифз намоянд. Ҳимояи амну амнияти мардум вазифаи артиши неруманд аст, ки аҳамияти ҳифзи марз ва ҳаёти осоиштаро ҳассостар дарк месозад. Аз ин рӯ, бе дудилагӣ  ҳар як модар фарзандашро бо даъвати баҳорӣ ва тирамоҳӣ ба хизмат бояд  ҳидоят намуда  ва аз хизмати онҳо ифтихор намояд. Дар хотир бояд дошта бошем, ки тақдири миллат, ободиву осудагӣ ва ҳифзи ин марзу бум,  аз ҳар як сокини кишвар вобастагии калон дорад.

Дар даврони соҳибистиқлоли  ҷавонон бояд  як нуктаро дарк намоянд, ки хизмат ба Ватан -Модар қарзи фарзандӣ ва имониву виҷдонии ҳар як ҷавонмарди бонангу номус буда,  мактаби бузурги тарбия, ҷасорат ва ватандорӣ ба ҳисоб меравад. Аз ҳидоятҳои падаронаи Пешвои миллат бармеояд,  ки ифтихори миллӣ, зиракӣ ва ҳушёрии сиёсӣ буда, вазифаи ҷонии ҳар шахси бомаърифат аз он иборат мебошад, ки Ватанамон - Тоҷикистонро чун гавҳараки  чашм ҳифзу ҳимоя намоем ва онро азизу муқаддас донем. Ба қадри Ватан - Модар  муқаддасоти миллӣ  Истиқлолият, ваҳдату ягонагӣ, суботу озодӣ ва рамзҳои  давлатӣ, инчунин арзишҳои волои фарҳангиву ахлоқӣ, забони модарӣ ва таъриху маданияти халқи худ бирасем ва барои наслҳои ояндаи худ гузоштани мероси арзанда,  талош варзем.

Воҳид  Дилафрӯз Сафарӣ, муовини раиси КИ ҲХДТ  дар ноҳияи Данғара

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg