БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИФЗИ ВАТАН, ҲИМОЯИ МАНФИАТИ ДАВЛАТ ВАЗИФАИ МУҚАДДАСИ ҲАР ЯКШАҲРВАНД АСТ

Бисту як асрест асри тоҷу асри тоҷдор,

Асри ному асри номус асту асри нангу ор.

Худшиносиҳои мо азми худогоҳӣ бувад,

Худшиносиҳои мо бошад нишони ифтихор.   

АНДЕША. Оре,  ҳақ бар ҷониби шоир аст,  Ваҳдат, сулҳу ягонагии Ватан-Модар калимаҳое ҳастанд, ки барои ҳар як фарди тоҷик азизу муқаддас маҳсуб меёбад. Маъною муҳтавои ин калимаҳоро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хело гӯшрас шарҳ додаанд. Ваҳдату сулҳ, Ватан -Модар  барои мо як калимаи оддӣ нест, балки номаи тақдирсози миллат,  пешрафти кишвари азизамон ба сӯи ояндаи ободу осуда муҳим аз он кафили сарҷамъию хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст. Аз ин рӯ ин мафҳуми муқаддаси Ватан-Модар, ки ҳар ду ҳаммаъноянд, мафҳумҳои пурарзиш чун сулҳу амният, маърифату фарҳанг, ватандорию ватандӯстӣ, андешаву шуур ва ҳувияти миллӣ ҷойи махсусро дорост. Зеро сулҳу ваҳдат сароғози ҳамаи комёбиҳо созандагиву ободкориҳо, худогоҳиву худшиносӣ баҳри миллати соҳибмаърифати мо ба ҳисоб меравад. Ҳамин ваҳдату ягонагӣ буд, ки кишвари тозаистиқлоли моро аз вартаи нобудӣ наҷот бахшид. Ҳамин андешаҳои миллӣ моро аз имтиҳони таърих сарбаландона гузаронд.

Аз файзи айёми хеш шукрона кунем,

В-аз бахти тамоми хеш шукрона кунем.

Эй мардуми озода аз ин ваҳдату сулҳ,

Бо лаҳну камоли хеш шукрона кунем.

Шукрона аз мамлакати тинҷу осуда аз Қувваҳои Мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хело ҷавон асту бо як иродаи мустаҳкам Ватану миллатро шабонарӯз посбонӣ намуда истодаанд, мефахрему меболем. Чунки хизмат ба Ватан қарзи ҳар як фард аст. Ҷавонон танҳо дар қувваҳои мусаллаҳ дарси матонату мардонагиро меомӯзанд ва ватандор будани худро ҳис мекунанд. Нависандае мефармояд: «воситаи хуби дар дили фарзандон ҷо кардани муҳаббати Ватан он аст, ки агар худи ин муҳаббат дар дили падарон бошад». Воқеан, дуруст аст ҳар як волидон оид ба     Ватан-Модар ҳиссагузор нисбати фарзандони хеш бошанд боз кор алонур мегардад.

Шукронаи мо зи иттифоқи Ватан аст,

Шукронаи мо зи обу хоки Ватан аст.

Мо дур зи хоки файзбораш наравем,

Шукронаи мо зи номи поки Ватан аст.

Шукр аз он дорем, ки ҷавонон-ояндасози миллат имрӯз нангу ори ҷавонмардии хешро ба ҷо оварда бо хоҳиши худ ба қувваҳои мусаллаҳ ба хизмати Ватан рафта истодаанд. Онҳо дарки баланди масъулиятшиноси нисбат ба модар ба оила ба тинҷу ором будани давлати соҳибистиқлоли хеш доранд ва хушҳолу хушнуд аз он ҳастанд, ки сарбози ватананд. Мо модарон меболем аз чунин ҷавонмардони шуҷои далер. Ман ҳамчун модар тарбиятгар фахр аз он дорам, ки тавонистам меҳру муҳаббати Ватанро дар дили фарзандони хеш ҷо кунам, ки фарзандам Исмоилҷон Расулов бо хоҳиши мардонагии худ ба хизмати Ватан-Модар рафта, бо сарбаландона ба сари баланд ба зодгоҳаш баргашт, ки ин собит аз тарбияи худ аз ватандӯст будани оила шаҳодат медиҳад. Умед дорам, ки кулли модарон ҳамин орзуро доранд. Ҷавонон ду сол дарси ҷавонмардиро омӯхта ба мафҳуми Ватан- Модар сарфаҳм мераванд. Шароити қисмҳои низомӣ рӯз то рӯз хуб шуда истодааст.

Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо Артиш қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инак 28-солагиро ҷашн мегирад. Ин ҷавони  28-сола садҳо ҷавонони тоҷику тоҷикистониро  боз ҳам тарбия ва обу тоб медиҳад. Месазад, ки ҳама аз як гиребон сар бароварда,  барои халалдор накардани Тоҷикистони азизамон хизмат намоем, содиқона дар баробари Сарфармодеҳи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истода барои тинҷу ором будани модарон ва ҳифзи Ватани хеш кӯшиш намоем.

Ман боварии комил дорам, ки ҷавонони ояндасози миллат бе чуну чаро бо хоҳиши худ адои хизмат менамоянд. Чунки адои хизмат ба ҳар як ҷавонмарди тоҷик қарз аст. Имрӯз Тоҷикистони биҳиштосои мо ид дорад. 28-умин солгарди Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми манотиқи кишвари биҳиштосоямон дар зери Парчами сулҳу суботи миллӣ бо шукӯҳу шаҳомат  бо қадамзаниҳои устувори миллат ҷашн мегиранд.

Аз ҷумла, бонувон низ китф бар китф баробари мардон адои хизмат намуда истодаанд, ки сазовори таҳният мебошад.

Нагузорем, ки нохалафе пои худро дар марзу буми Тоҷикистон гузорад, нагузорем, ки модарони тоҷикро ғамолуд созанд ин аст, қарзи фарзандии ҳар як ҷавонмарди тоҷику Тоҷикистонӣ.

Рӯзи Артиши миллӣ ва Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикисон ба ҳамдиёронам муборак, хоҳони онам, ки сулҳу субот поянда бошад!

Тоҷинисо Расулова, узви фаъоли ҲХДТ аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маърифатчиён»-и   ноҳияи Вахш  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg