ҲАМАДОНӢ. Дар деҳаи Марғоби Ҷамоати деҳоти Қаҳрамон бо дастгирии раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Марғоб” Аюбов Зоҳир дар доираи Аксияи ҳизбии “Кабудизоркунии маҳал” бо иштироки аъзову ҷонибдорони ҳизб корҳои кабудизоркунӣ гузаронида шуд.
Дар Аксияи ҳизбӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Гадоӣ Сайдалиев ҳангоми суҳбат бо сокинон дар бораи нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии мамлакат суханронӣ карда, қайд намуд, ки Пешвои миллат зимни ироаи Паём иброз доштанд, ки “Ман ба неруи созандаи тамоми мардуми шарифи мамлакат, аз ҷумла ҷавонони боғайрат ва занону бонувони ватандӯсту соҳибмаърифат эътимоди комил дорам ва дилпурона изҳор менамоям, ки мо ҳама якҷо бо заҳмати содиқонаву аҳлонаи худ то ҷашни мубораку муқаддаси 30- солагии Истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон симои Ватани азизамонро то дурдасттарин гӯшаву канори он боз ҳам ободу зебо мегардонем”. Пас аз андешарониҳо сокинон ин суханони Роҳбари давлатро ҳамаҷониба дастгирӣ карда, ба шинонидани 50 бех дарахтони арча машғул шуданд.