ҶАЙҲУН. Вохӯрии гурӯҳи тарғиботии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайхун оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Озодӣ”, “Хайробод” ва “Ҳ. Шерозӣ” дар Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ сурат гирифт.
Зимни суҳбат аз ҷониби намояндагони ҳизбӣ қайд гардид, ки Паёмҳои ҳамасолаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиӣ тамоми соҳаҳои фаъолияти кишварро дар бар гирифта, чун санади роҳнамо ба татбиқи тадриҷии ҳадафҳои стратегии мамлакат, аз ҷумла беҳтар намудани шароити иқтисодиву иҷтимоӣ ва маърифатнокии аҳли ҷомеа нигаронида шуда, бо таҳлилҳои амиқ, натиҷагириҳои асоснок ва масъалагузориҳои мушаххас тамоми соҳаҳои давлатдории моро сол аз сол рушду равнақ мебахшанд.
Ҳамчунин, дар Паёми навбатии имсола як нуктаи муҳиму арзишманд - омӯзиши таърихи пурифтихори халқи тоҷик, таҳкими ҳувияти миллӣ, дӯст доштани Ватан, эҳтиром ба таърихи гузаштаи халқу миллат арзёбӣ гардид. Аз ҷумла зикр гардид: “Арҷ гузоштан ба фарҳангу таърихӣ бостонии миллат ва омӯхтани он, инчунин, аз худ кардани мероси ҷовидонаи садҳо ва ҳазорон нафар фарзандони фарзонаи халқамон, яъне шоирону адибон ва олимону мутафаккирони барҷастаи миллат, вазифаи ҳар як соҳибватан мебошад”. Дар охир чанде аз иштирокдорон фикру мулоҳизаҳои хешро нисбат ба Паёми имсола баён дошта, барои дастгириҳои Пешвои миллат изҳори қаноатмандӣ карданд.