БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХАТАРҲО ВА ОҚИБАТҲОИ ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ ҲАМЧУН ВАБОИ АСР

АНДЕША. Таъкиди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ санаи  27.06.2018 дар ноҳияи Конибодоми  вилояти Суғд: “...хотирнишон менамоям, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро рӯзи 27-уми июни соли 1997 бо Иттиҳоди неруҳои мухолифини тоҷик имзо кард.

Мо ҳеҷ вақт бо ҳизби террористиву экстремистии наҳзат ягон ҳуҷҷат имзо накардаем. Ин нуктаи муҳимро тамоми мардуми тоҷик бояд донанд».

Оқибати амалҳои экстремистию террористӣ;

Таъсиррасон ба шуури шахс ва ҷамъият - фаъолияти минбаъдаи шахс ва ҷамъиятро ба зери норавшанӣ мебарад.

Аз байн бурдани озодии сухан, ки поймол гардидани ҳуқуқи инсон ва хилофи қонунгузориҳо, санади байналмилалии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Эъломияи умумии ҳуқуқи Башар мебошад.

Гирифтани пеши роҳи таълим ва таъсир расонидан ба сифати таҳсилот, дар натиҷа ҷамъият хусусан наврасону ҷавонон аз таҳсилоти сифатнок дур гардида, донишҳои замонавиро аз худ карда наметавонанд, аз ихтирооту навгониҳо бе баҳра мемонанд, ки барои ояндаи миллат рӯирост фаноёбӣ таҳдид мекунад. 

Бо дарназардошти чунин натиҷагириҳо, ки аз таҳлилҳо ва амалҳои худхоҳонаи гурӯҳҳои манфиатҷӯ бармеоянд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ кӯшиш намуданд ба ғаразҳои нопоки худ расанд, аммо иродаи матини халқи ватандӯсту ватанпарвар, дорои ҳуввият ва шуҷоати миллӣ таҳти сарварии фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нагузошт, ки амалҳои бадхоҳонаи худро дар ин сарзамин  пиёда намоянд.

Аъзои ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, аз ҷумла ҳизби фаъолияташ мамнуъ -Наҳзати ислом ва Гурӯҳи -24 новобаста аз он, ки аз кишвар фирор намуда, дар ҷустуҷӯи полиси байналмилалӣ қарор доранд, бо пуштибонӣ ва сарпарастии манфиатҷӯёни хориҷӣ аз берун ба сари давлату миллат санги маломат мепартоянд. Ва кӯшиш намуда истодаанд, ки ба тафаккури халқи Тоҷикистон ҳисси бадбинӣ ва нафрат ба чунин Ватани ободу зеборо ҷой намуда, фарзандони фарзонаи миллатро сиёҳ нишон диҳанд. Аммо онҳо фаромӯш сохтаанд, ки халқи Тоҷикистон як маротиба имтиҳони чунин фитнаангезиро аз сар гузаронидаанд, ки оқибат ба ҷанги таҳмилӣ оварда расонида буд ва ҳеҷ гоҳ дубора фирефтаи чунин амалҳо нахоҳанд шуд.

Замоне расидааст, ки гурӯҳҳои бадхоҳи миллат даст боло бардошта иқрор шаванд, ки ин халқу миллат ҳеҷ гоҳ сар хам намекунад ва иҷозат намедиҳад, ки пойи нохалафе ба хоки ин сарзамини аҷдодӣ ва соҳибтамаддун гузошта шавад. Аз дур истодану санги маломат партофтан ба давлату миллат ва роҳандозӣ намудани баҳсҳои иттилоотӣ ба ҳеҷ ваҷҳ ба онҳо дигар манфиатеро намеорад, зеро халқи Тоҷикистон акнун чеҳраи аслии онҳоро медонад ва фирефта ба амалҳои онҳо намегардад, баръакс ҳар қадаре, ки онҳо тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ ва дигар воситаҳо санги маломат мезананд, эҳсоси ватандӯстии халқи Тоҷикистон ҳамон қадар боло меравад ва нафраташон ба онҳо зиёд мегардад.  

Ҳамагон медонанд, ки мақсади чунин амалҳо ҳама як аст, ғасби ҳокимият ва ба ҳамин васила амалӣ  гардонидани мақсадҳои нопоки худ ва хоҷагонашон. 

Файзизода Фарзин,  мудири шуъбаи молиявӣ, сармуҳосиби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg