БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМИ ИЛҲОМБАХШ ДАР РОҲИ ДАРЁФТИ САОДАТМАНДӢ ДАР ҲАЁТ

АНДЕША. Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки санаи 26 январи соли 2021 ироа гардид, метавон ҳамчун падидаи ҳуқуқӣ - конститутсионӣ фарогири тамоми соҳаҳо дар сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ арзёбӣ намуд.

Омӯзиши муҳтавои нуктаҳои алоҳидаи он мо ҷавононро водор месозад, ки Паёмро модели мантиқии хулосабарорӣ, мақсадгузорӣ ва дар ҳамин замина дарёфти роҳ ба сӯи саодатмандӣ ва муваффақият дар ҳаёт ҳисобем. Бо мақсади ҷустуҷӯ, дарёфт ва ҳавасмандгардонии беҳтарин истеъдодҳо тайи ду соли охир озмунҳои гуногун таҳти унвони «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардида истодааст  ва ҳар яки мо шоҳидем, ки дар байни наврасону ҷавонон истеъдодҳои нодир ба воя расида истодаанд.

Маҳз ҷавонон дорои неруи беназири физиологӣ ва зеҳнӣ буда, имконияти тағйирёбии босуръат ва рӯ овардан ба омӯзиши илмҳои гуногун ва корҳои созандагиро доранд. Ҷиҳати ба ин мақсадҳо ноил гардидан, баланд бардоштани сифати таълим дар муассисаҳои таълимӣ омили асосӣ маҳсуб мешавад. Ин нукта дар Паём бо далоили қотеъ чунин зикр гардидааст: “бо мақсади боз ҳам беҳтар кардани сифати таълим дар Паёми соли гузаштаи Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ солҳои 2020 - 2040 «Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиатшиносӣ”  дар соҳаи илму маориф эълон гардиданд ва ҷиҳати татбиқи ин ташаббус аз ҷониби Ҳукумати мамлакат нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020 - 2025 қабул карда шуд”. Дар нақшаи чорабиниҳои мазкур механизми тақвият бахшидани иқтидори зеҳнии ҷавонон дар раванди идораи эҷодкоронаи вақт, омодасозии мутахассисони соҳибкасбӣ ҷавобгӯ ба талаботи бозори озоди меҳнати дохил ва хориҷи кишвар дар доираи стандартҳои байналмилалӣ,  рӯ овардан ба навгониҳо, ихтироот, барномасозӣ, татбиқи дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолоти ватанӣ нишон дода шудааст. Амалишавии ин маром, пеш аз ҳама, ба рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат, беҳтар кардани шароити зиндагии шоиста ва бо назардошти ҳимояи манфиатҳои миллӣ иҷрои талаботи ягона ҷиҳати ворид намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рейтинги давлатҳое, ки дорои нерӯи зеҳнии рақобатпазиранд, нигаронида шудааст. Натиҷагирии яксолаи татбиқи бандҳои алоҳидаи нақшаи чорабиниҳои мазкур дар фазои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, касбӣ ва олии кишвар нишон медиҳад, ки ҳавасмандӣ оид ба дастовардҳои назаррас дар ин самт мавҷуд аст.

Зимнан ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқону устодону омӯзгорон тадбири ҳамасола гузаронидани озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм - фурӯғи маърифат», ки ташаббуси мантиқӣ дар раванди расидан ба ҳадафҳои бузурги рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, андешида шуд. Иқдоми мазкур пайроҳаи дурахшон дар роҳи рушд ва нишон дода тавонистани имкониятҳои зеҳнии халқи Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, пешрафту тараққиёт ва ҳамрадифгардии кишвари моро ба давлатҳои мутараққӣ дар замони муосир нишон медиҳад.

Нуктаи дигари вазифагузориҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ҳамаҷониба дастгириву ҳавасманд гардонидани ғолибони озмунҳо ва андешидани тадбирҳои иловагӣ бобати аз рӯи интихоби худашон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ бидуни имтиҳон шомил гардиданд ва барои ҳавасмандгардонии моддиву маънавии омӯзгорон ва падару модарони онҳо мебошад. Ин иқдомро дар роҳи ҷалби бештари ҷавонону наврасон ба китобхониву такмили истеъдод метавон ташаббуси илҳомбахш номид.

Зикр гардид, ки “ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад”.

Ҳадафи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни дарёфти роҳ ба сӯи саодатмандӣ дар ҳаёт барои мо ҷавонон модели идораи эҷодкоронаи вақт ва муваффақиятро тарҳрезӣ намуд, ки аз ин имкониятҳо истифода намуда, дар пайроҳаи илм ва ҳунармандӣ муваффақиятҳои беназирро соҳиб гардем ва ба ҳамин васила дар беҳтар гардидани ҳаёти худ, наздикон, ҷомеа ва Тоҷикистони азиз саҳм гузорем.

Мо, ҷавонон бо дарки муҳтаво, мақсаду маром ва ҳадафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сиёсати муваффақона, ташаббусҳои доимӣ ва оқилонаи Роҳбари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон ҷонибдорӣ намуда, барои татбиқи босифати онҳо, рушди неруи зеҳнӣ ва такмили истеъдоди азалии худ, аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, дар рушду тараққиёти Ватани азизамон, инчунин бобати муаррифии миллати соҳибилму соҳибтамаддуни тоҷик, ки аз азал соҳиби неруи беназири зеҳнӣ, қаламу китоб ва ҳунар буданд, саҳмгузорӣ хоҳем кард.

Тоирзода Суҳроб Тоир, раиси Парламенти донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Данғара

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg