БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САРБОЗОН МУҲОФИЗОНИ ШУҶОИ ВАТАНАНД

АНДЕША. Артиши миллӣ яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдории миллӣ ва сипари боэътимоди Ватани азизамон мебошад. Аз ин рӯ, аз рӯзҳои аввали замони соҳибистиқлолии давлатамон ба хотири ҳифзи якпорчагии марзу буми кишвар лозим буд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи миллӣ таъсис дода, тамоми сохторҳои низомӣ аз нав барқарор карда шаванд. Муътадил сохтани вазъи сиёсиву иҷтимоӣ, хотима додани муноқишаҳои мусаллаҳона ва қонуншиканиву бедодгариҳо, ба эътидол овардани тартиботи ҷамъиятӣ тақозо мекард, ки ҳарчи зудтар  Артиши миллӣ таъсис дода шавад.

Таҳкурсии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон моҳи феврали соли 1993 дар шароити мавҷуд набудани пойгоҳи моддиву техникии зарурӣ, нарасидани кадрҳои ҳарбӣ, бахусус, кадрҳои баландихтисоси фармондеҳӣ гузошта шуд ва 18 декабри соли 1992 аз тарафи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид.

Дар оғози даврони соҳибистиқлолӣ, сарфи назар аз вазъи номусоиди ҳарбиву сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар диққати махсус дода, ба сохтори Қувваҳои Мусаллаҳ ва бо таҷҳизоти техникӣ таъмин намудани қисмҳои ҳарбӣ, пурра намудани ҳайати шахсӣ, дар самтҳои муҳимтарини ҳарбӣ ҷой додани онҳо ва беҳдошти омодагии ҷангии ҳайати шахсӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекард.

Таваҷҷуҳ ва талаботи пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки Артиши миллии мо давраҳои мушкилии сохториро давра ба давра паси сар карда, имрӯз қудрату тавоноии худро на танҳо дар қаламрави кишвар, балки дар таъмини амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ низ пайдо намудааст. 

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон такягоҳи давлат ва сипари миллат, кафили амнияту осоиш, сулҳу суботи кишвар, ҳифзи истиқлолият ва марзу буми кишвар мебошад. Сокинони мамлакат дар симои сарбозону афсарони Артиши миллӣ муҳофизони худогоҳу худшинос ва содиқу ҷоннисори Ватанро мебинанд.

Имрӯз Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо техника ва лавозимоти пурқуввати ҳарбӣ таъмин буда, дар машқҳои якҷоя бо ҷузъу томҳои Қувваҳои  Мусаллаҳи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, аз ҷумла Федератсияи Россия ва дигар давлатҳои минтақа ширкат варзида, мавқеъ ва обрӯи худро мустаҳкам менамояд. Ин аст, ки ҳамкории низомии Тоҷикистон бо кишварҳои  Иттиҳоди давлатҳои Мустақил, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Франсия, Ҳиндустон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ, ҳамкориҳои Шанхай ва дигар ташкилотҳои бонуфузи ҷомеаи ҷаҳонӣ хело густариш ёфта, дар сатҳи баланди ҳарбӣ ҷой дорад.

Айни замон Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қувваҳои Мусаллаҳи зиёда аз 50 кишвари олам ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ техникӣ дорад.

Хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ба роҳ монда шуда, барои хар як шахси бо ору номус ва ватанпарвар боиси ифтихор аст.

Дар соли 2020 баҳри иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳ, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Оид ба  сафарбар намудани ҷавонон ба сафҳои Артиши миллии мамлакат» дар мавсими баҳорӣ 235 нафар ва дар мавсими тирамоҳӣ 235 нафар, ҷамъ 470 нафар шаҳрвандони синну соли даъватии ноҳияи мо ба сафҳои Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардиданд.

Боиси ифтихору сарбаландист, ки фарзандони некному ватандӯсти ноҳияи Ёвон дар қатори дигар фарзандони бонангу номуси Ватан дар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон содиқона хизмат карда, ҳимояи Ватан-Модарро вазифаи муқаддас ва шарафи бузурги худ мешуморанд.

Чуноне, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид мекунанд, «Шарафу обрӯи Ватан, пойдории сулҳу субот ва рушду ободии кишвари азизамон аз Шумо вобастагии калон дорад». Аз ин рӯ, зарур аст, ки наслҳои ҷавони мо дорои ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, сабру таҳаммул, илму ҳунарҳои муосир бошанд, то тавонанд дар оянда ҳамчун намояндагони сазовор ва шоистаи миллати хеш Ватани азизамонро ҳимоя ва дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоянд.

Саёҳат Абдуллозода, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg