БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО БОЯД ҲАМЕША ОМОДАИ МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ БОШЕМ

АНДЕША. Вазъияти  тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромилӣ ҳар яки моро вазифадор менамояд, ки  ба масъалаи таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем. Зеро пайравони созмонҳои террористию экстремистӣ барои ноором  сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд.

Дар Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардидааст, ки “хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғаразноки худ,  ки ибтидои солҳои 90 -уми асри гузашта доштанд, даст накашидаанд. Онҳо то ба ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд”

Мо ҳамарӯза шоҳиди баромадҳои ғаразона ва иғвоангезонаи хоинони миллат, аъзои Ҳизби наҳзати ислом мегардем.  Онҳо мисли мори саркӯфта  то охирин лаҳзаи ҷонбароӣ  кӯшиш менамоянд, ки заҳри худро ба дигарон чаконанд. Агар мо хомӯш нишинем, ба муқобили онҳо мубориза набарем, онҳо метавонанд таъсири худро ба ҷавонон ва дигар шахсони бесавод, ноогоҳ аз ниятҳои ғаразонаи онҳо бирасонанд. Мо набояд душманро хурд шуморем. Беҳуда нагуфтаанд, ки “душманат гар пашша бошад, камтар аз филаш мадон”. Гарчанде хоинони миллат  аз 3 -4 нафар зиёд набошанд ҳам, метавонанд, ки зарари худро ба тинҷию оромии кишвар расонанд.    Бинобар ин дар ҳолати ангушт баланд намудани террористону экстремистони ТТЭ ҲНИ  мо бояд мушти худро нишон диҳем.  Ин аст вазифаи ватандорӣ, ин аст нангу номуси миллӣ, саҳмгузорӣ ҳар яки мо фарзандони Тоҷикистон дар таъмини амнияти мамлакат!

Худоидод Рабиев,  раиси ташкилоти ибтидоии “Дараи Мухтор”, омӯзгори МТМУ №15-и ноҳияи Ховалинг 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg