БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тарбияи насли ояндасоз вазифаи имониву виҷдонии мо

ВОСЕЪ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии ба номи «Мирзо Умар»  бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ва бо ҷалби омӯзгорони муассиса вохӯрӣ баргузор гардид.

 Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Қурбонзода Рӯзигул иштирок дошта, сараввал дар назди иштирокдорон оид ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистони «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  ва фазилатҳои неки моҳи шарифи Рамазон, ки моҳи раҳмату мағфират ва анҷоми корҳои хайру сахо аст, суханронӣ намуд.

Инчунин дар идомаи суҳбат Қурбонзода Рӯзигул  дар бораи таълиму тарбияи фарзанд, бо дониши хубу аъло таҳсил  кардани  толибилмон,  ҷалби наврасону ҷавонон ба корҳои созандагиву ихтироот ва омӯзиши касбу ҳунарҳои мардумӣ  андешаронӣ карда, афзуд, ки  омӯзгоронро месазад дар таълиму тарбияи  хонандагон ҷиддӣ бошанд ва дар ин самт аҳамияти хоса зоҳир намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg