КӮШОНИЁН. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён оид ба шарҳу тавзеҳ ва татбиқи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони деҳаи ба номи Малик Гиёеви Ҷамоати деҳоти Ориён суҳбату вохӯриҳо баргузор намуданд.
Дар вохӯриашон масъулини ҳизбӣ ибороз намуданд, ки Паёми имсолаи Пешвои миллат тамоми мавзӯҳои муҳими ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии мардуми кишварро дар бар гирифта, аҳлил ва дастуру супоришҳои дар он зикргардида роҳи ҷомеаро барои расидан ба ҳадафҳои минбаъда ҷиҳати пойдор ва устувории Ватан равшан сохт. Вазифаи мо аз он иборат аст, ки шарҳу тавзеҳи онро ба таври густурда дар байни ҷомеа ба роҳ монда, дар татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар, ки дар Паём ироа гардидаанд, барои расидан ба он ҳадафҳо ҷаҳду талош варзем.